Арон Афшор, сарояндаи маҳбуби эронӣ, ки ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, зимни сӯҳбат дар телевизиони “Сафина” иброз дошт, ки аз меҳмондӯстии мардуми тоҷик бисёр хурсанд аст.
Сароянда қайд кард, ки намедонист дар Тоҷикистон то ин ҳад мухлиси зиёд дорад. Аз он ки мухлисонаш дар Тоҷикистон оҳангҳои ӯро аз ёд медонанд, Арон дар ҳайрат монда аст.
Номбурда қайд кард, ки нақша дорад якчанд барномаи консертии худро дар шаҳру навоҳии гуногуни Тоҷикистон ба роҳ монад.
Ёдрас мешавем, ки дирӯз ситораи №1-и эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё аксеро бо Арон Афшор дар инстаграми худ нашр намуда, гуфта буд, ки бо доштани дӯсте монанди Арон ифтихор мекунад.