Салом! Шаҳрбону ҳастам як зани камбағалу мӯҳтоҷ аз ноҳияи Рӯдакӣ. Зиндагии ману шавҳарамро қариб 20-сол мешавад, вале то ҳол хонаву дар надорем.
Бо 4 фарзанд дар як хобгоҳ умр ба сар мебарем ва вазъи иқтисодиамон бисёр душвор аст. Тани бачаҳоям ягон вақт либоси наву шикамашон нони сериро намебинад. Фарзандонамро бо либосҳои кӯҳнаи бачаҳои хоҳаронам ва ҳамсояҳо калон кардам, худам ҳам як умр кӯҳнаклои мардумро мепӯшам. Шавҳарам савод ва ягон касбу ҳунар надорад, аробакашӣ карда, базӯр як пора нони шикамамонро меёбад. Рӯйи гӯшту тухмро моҳҳо намебинем, зиндагии қашшоқона дорем, вале ин мардак маст шуда дар болои ман боз як зани дигарро никоҳ карда гирифтааст. Ҷангу ҷанҷол кунам, мегӯяд, ки дамата гир, ислом иҷозат додааст, ки мард то 4 зан бигирад, ман ҳоло боз ба гирифтани ду зани дигар ҳақ дорам.
Илтимос, ба ҳамин масъала равшанӣ андозед, магар марде, ки зӯраш ҳатто ба хӯрондану пӯшондани як зан ва бачаҳояш намерасад, ҳақ дорад, ки дар болои ҳамсараш боз чанд зани дигарро ба никоҳи худ дароварда, ба азоби камбағалию гуруснагӣ гирифтор созад?
Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш
Дар Тоҷикистон бисёрникоҳӣ аз рӯйи қонун манъ карда шудааст ва ҷиноят ба ҳисоб меравад, аз ҳамин хотир гирифтани зани дуюм ва сеюмро ба мардон маслиҳат намедиҳем. Дар ислом бошад, дузанагӣ, аниқтараш бисёрзанагӣ дар он сурат иҷозат дода мешавад, ки мард тавони молӣ дошта бошад ва адл карда тавонад. Худованд додани нафақа ва таъмини дигар заруратҳои зиндагии занро ба зиммаи мард фарз гардонидааст. Таъмин кардани зану фарзандон бо хурду хӯрок ва маскан барои мард қарз мебошад. Танҳо дар сурати соҳиби манзил гардонидан ва тамоми шароитҳоро фароҳам овардан мард метавонад зани дуюм бигирад, вале дар ҳамон ҳолат ҳам набояд ба беадолатӣ нисбати яке аз хонумҳояш роҳ диҳад. Зани якумро хору зани дуюму сеюмро эрка кардан мумкин нест, чунки мардон фардои қиёмат барои зану фарзандонашон дар назди парвардигор ҷавоб медиҳанд. Шахсан ба назари ман шавҳари шумо, ки ҳатто аз уҳдаи таъмини як ҳамсар намебаромадааст, набояд зани дуюм гирифта, бори гуноҳи худро вазнинтар насохт. Беҳтараш бо як зан қаноат намояд.