Соро Аҳмадова сарояндаи умедбахш буда, ҳар як таронааш аз ҷониби дӯстдорони савту наво гарм пазироӣ мешавад.
Ин навбат ӯ дар ютбуканали “Qiam Entertainment” таронаи навашро бо номи “Данғара” нашр намуда, ҳаводорони санъати эстрадаро қоил кард.
Ин таронаро дар бадали се шабонарӯз зиёда аз 50 ҳазор нафар тамошо карда, ба ҳунари волои ин сарояндаи ҷавон садҳо аҳсану офарин хондаанд.
Дар клип худи Соро Аҳмадова образи духтар, симои падар ва модарашро Қурбони Собир ва Моҳпайкар Ёрова офарида, дар нақши хушкардааш Парвиз Қурбонов бозӣ кардааст. Клип дар даштҳои ноҳияи Данғара дар байни лолазор ва гандумзор сабт гардидааст.