Arzon march 2024
Ҷаримаву боҷ ҳам ғайринақдӣ мешавад
303

 

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри эълоне ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ расонидааст, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, ки 22 июни соли 2023, таҳти №586 ба тасвиб расидааст, аз 1 августи соли 2023 пардохти тамоми хизматрасониҳои муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.

Шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва хоҷагиҳои деҳқониро зарур аст, ки барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ аз суратҳисоби бонкӣ истифода намоянд. Дар сурати надоштани суратҳисоби бонкӣ онҳо метавонанд, ба дилхоҳ ташкилоти қарзии молиявӣ муроҷиат намуда, суратҳисоби бонкӣ кушоянд.

Барои амалӣ намудани пардохти хизматрасониҳои муздноки давлатӣ шахсони воқеӣ (аҳолӣ) метавонанд аз кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, барномаҳои мобилӣ ва Интернет- бонкинг, POS терминалҳо ва QR-рамзҳо истифода намоянд.

Ба гурӯҳи хизматрасониҳои муздноки давлатӣ пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ дохил мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД