arzon replenishment
Ҷаримаи ду соҳибмулк барои фурӯхтани тамоку ба ноболиғ
01.05.2025
Oila.tj
185

Зимни санҷиши мақсаднок аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ҳангоми ба ноболиғон фурӯхтани маҳсулоти тамоку ду нафар соҳибмулкони мағозаҳои хӯрокворӣ дастгир карда шудаанд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шаҳрвандон Салаев Исломиддин, сокини 45-солаи шаҳри Душанбе ва Пиров Маҳмадалӣ, сокини 34-солаи ноҳияи Балчувон бо мақсади ба даст овардани маблағи ночизе талаботи қонунро сарфи назар намуда, ба шахси бараъло ноболиғ сигор фурӯхтаанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон бо моддаи 463 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардидаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД