Arzon march 2024
Арчаи солинавии Душанбе шукуҳи тоза дорад
30.12.2024
ОИЛА.ТҶ
422

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон нафароне ёфт мешаванд, ки таҷлили Соли нав ва оро додани арчаи солинавиро хилофи суннат медонанд, аммо дар маҷмуъ тоҷикистониён ҷашни Соли нави мелодиро дӯст медоранд ва онро бешубҳа бо арчаи сабзу хуррам пешвоз мегиранд.

Арчаи асосии кишвар дар шаҳри Душанбе бо ҳазорон чароғҳои рангоранг оро дода шудааст ва на дар моҳи декабр, балки барвақттар миёнаҳои моҳи ноябр оро дода мешавад. Ногуфта намонад, ки дар таърихи соҳибистиқлоли Тоҷикистон арчаи асосӣ макони худро иваз карда, аз майдони Исмоили Сомонӣ ба майдони тозабунёди “Истиқлол” кӯчид. Тоҷикон арчаи солинавӣ - дарахти ҳамешасабзро ҳамчун рамзи сарзабзию шукуфоии хонавода оро медиҳанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ арчаи имсола мавриди баҳси зиёд қарор гирифта, бархе ҷонибдори навгонӣ ҳастанд ва симои муосири онро истиқбол мекунанд, лекин касоне ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, “арча бояд арчаи табиӣ бошад” ва набояд онро ба экран табдил дод.

Баҳри фароғат ва тамошои сокинону меҳмонони пойтахт дар атрофи арча унсурҳои ороишии гуногуни барқӣ - иллюминатсионӣ, аз қабили дарвозаҳои рамзии шаҳраки солинавӣ, фаввораҳо, навиштаҷоти “2025”, аркҳои гуногуншакл, бозичаҳои калонҳаҷм, арчаҳо ва дарахтони гуногун, одамчаҳои барфӣ, хонаи бобои барфӣ, персонажҳои аниматсионӣ аз филмҳои тасвирӣ, чархофалакҳо ва дигар унсурҳо гузошта шудаанд, ки майдонро дар ҳақиқат ба як шаҳраки зебо ва дилрабои солинавӣ табдил додаанд.

Сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе ҳамарӯза ба ин макони афсонавӣ омада, аз фазои солинавӣ баҳравар мегарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД