Қаҳрамонҳои роҳ
45

Вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии роҳи Душанбе-Чаноқ, он нигоҳубини бистучаҳорсоатаро тақозо месозад. Каме беэътиноӣ ба кори роҳ метавонад мушкил болои мушкил эҷод кунад ва бехатарии нақлиёту мусофиронро зери суол барад. Аз ин рӯ, коргарони IRS дар чор фасли сол соате бекор намемонанд. Онҳо тирамоҳу зимистон мунтазам ба тоза кардани барфу бартараф сохтани тармаҳо машғуланд. Баҳору тобистон бошад, ба таҷдиду таъмири роҳ, бартараф сохтани паёмади бориши борону омадани сел, соҳилмустаҳкамкунӣ ва лағшиши кӯҳпораҳо машғул мегарданд.

Хулоса, роҳи Душанбе - Чаноқ масирест, ки ҳамеша бо офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ мегардад. Мубориза бурдан бо ин офатҳо ва бартараф кардани зарари онҳо қувваи кориву хароҷоти зиёдро талаб менамояд. Ин омилро мо чанд пеш зимни сафар тавассути ин роҳ бевосита шоҳид гардидем. Дидем, ки новобаста аз пуршиддат будани бориши барф, дар масири Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ воситаҳои нақлиёти гуногун, сар аз мошинҳои сабукрави шахсиву мусофиркаш ва ҳамоно ба қавле «Фура»-ҳои калонҳаҷм хеле зиёданд. Ин, албатта, хуб аст, роҳ рафтуомадро наздиктар мекунад. Аммо бемасъулияти баъзе ронандагон воқеан ҳам боиси нигаронист. Маҳз бетафовутии як идда ба тавсияҳои мо дар бобати бе омодагии ҷиддӣ сафар накардан, худдорӣ намудан аз сафар бо воситаҳои нақлиёте, ки тири пешбар надоранд, ба ҷой овардани эҳтироми ҳамдигар, аз ҷумла ба муқобили самти ҳаракат набаромадан боиси ба вуҷуд омадани тамбашавӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ мегардад. Чунин ҳолат рӯзи охир низ ба амал омада, раванди тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди онро бо маводи зиддилағзиш то андозае ба мушкил рӯ ба рӯ намуд.

Замоне, ки гардиши Такфону Анзоб расидем, аз саҳифаи IRS дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хондам, ки бинобар мона эҷод кардани автомобилҳои боркаши ядакдор ҳаракати мошинҳо муваққатан маҳдуд шуда, ширкат аз ронандагон бо арзи эҳтиром хоҳиш менамояд, ки вазъияти баамаломада ва зарурати иқдоми мазкурро дарк намоянд.

Инро ба ронандаву ҳамкорам гуфтаму мо низ дар қатори садҳо воситаи нақлиёти пурбору бебор, бе мусофиру бо мусофир гӯшаеро интихоб намуда, таваққуф кардем. Пеш рафтану саросема шудан дар ин ҳолат маъно надошт, зеро навбати мошинҳо ба 2-3 км тӯл кашида, аз рӯи эҳтиром ронандагони истода набояд пеши роҳи мошинҳои аз боло мефаромадаро мегирифтанд. Каме пас хабар омад, ки бо талоши IRS роҳ аз барфу ях тоза ва ба ҳаракати тамоми намудаи воситаҳои нақлиёт иҷозат дода шудааст.

Мо низ паси мошинҳо ба қавле боадабона навбат гирифтем, вале шодии мо дер напоид: иддае аз ронандагон бидуни риояи навбат, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хосса роҳҳои кӯҳӣ, беодобона ва осемасар бар зидди самти дигари роҳ баромада, ба пеш ҳаракат мекарданду бо ин амали беандешаи худ роҳи мошинҳои аз тарафи дигар меомадаро мебастанд.

2_53

Мошинҳои калонҳаҷм, ки аз нақб гузашта, ба сӯи Сарвода меомаданд, роҳ надоштанд. Аз тарафи дигар низ навбат афзудан гирифт, инҳо ҳам намехостанд ба касе роҳ диҳанд; «пробка»-и бемаънӣ сар зад. Касе ба касе роҳ доданӣ набуд ва ин сабаби асосии ба дарозо тӯл кашидани ҳаракат гардид. Дастурҳои кормандони БДА ва масъулони Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»-ро касе гӯш намекард.

Ронандагони даҳҳо мошини дигар низ дар ҳолати ногувор монданд, на роҳи ақиб рафтан доштанду на ба пеш. Маҳз ҳамин ба қавле аҳмақии 8-10 нафар ронандаи сарҳӯй боиси ба чандин соати дигар тӯл кашида истодани мо ва дигар мошинҳо шуд.

Ин ҷо мехоҳам аз «қаҳрамонӣ»-и кормандони IRS махсус ёдовар шавам. Онҳо дар бароари иҷро рисолати худ – тоза кардани роҳ аз барф, ҳамчунин байни анбӯҳи мошинҳо саъй мекарданд ба ронандаҳое, ки мехостанд зӯр зада, аз доира бигзарад, фаҳмонад, ки пеш наояд, вагарна роҳро мебандад. Офарин ба кормандони IRS, ки дар сардӣ ва обу лою барф рисолати хешро сарбаландона иҷро карда истодаанд.

Бо мушкил, аз анбӯҳи мошинҳо гузашта, бо навбат сӯи нақб роҳ пеш гирифтем. Ин ҷо дигар саросемагиву телаву тамба набуд, ҳама бо навбат ҳаракат мекарданд. Аз нақби «Истиқлол» ба осонӣ гузаштем, роҳ пас аз нақб аз барф тозаву аллакай омехтаи хоку намак рехта буданд. Мо дар ягон ҷо на барф дидем, на тарма, ҷо-ҷое мошинҳои барфтозамекардаи Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» истода, барфҳои канори роҳро мегирифтанд. На воҳима буду на ҳаёҳӯй, роҳ ҳам тозаву ҳамвор. Ҳар чӣ мушкил буд, аз саросемагӣ ва беандешагии ронандаҳо буд, ки 2-3 соат вақти моро дар масир гирифт.

Дар умум, бориши пуршиддати барф ва тармафароии рӯзҳои охир дар роҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ барои Ширкати IRS санҷиши ҷиддӣ буд, ки роҳбарият ва кормандонаш сарбаландона аз он гузаштанд. Чун ман ҳам аз ҷумлаи мусофирон будам, дидам, ки кормандони филиали ширкат аз уҳдаи иҷрои вазифаи ба зимаашон вогузорбуда баромаданд. Техникаи зиёд роҳро дар фурсати кӯтоҳтарин тоза намуда, мусофиронро аз шабзиндадориҳо дар ҷойҳои офатзада халос карданд. Босуръат ва муташаккилона ҷараён доштани таъмири роҳ аз масъулиятшиносиву поквиҷдонии кормандони ин ширкат гувоҳӣ дода, далели бебаҳси он аст, ки роҳи Душанбе-Чаноқ нигоҳбони боэътимод дорад.

Шоҳидони ҳол гуфтанд, ки дар баробари нигоҳдории роҳ ширкат, ҳамчунин нисбат ба автомобилҳои дар роҳ дармонда ва ба садама дучоршуда низ бетафовут нест. Хусусан, ҳангоми ба садама дучор шудан бо истифода аз техникаҳои махсус ҳатман онро ба макони лозимӣ расонида, мусофиронро муваққатан дар хонаҳои устои роҳ ҷой медиҳанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки чунин корро ҳар сол кормандони ширкат даҳҳо маротиба иҷро мекунанд.

Мо ба ҷойи даркорӣ расидем. Зимни сафар суханҳое, ки ронанда гуфт, то андозае фикри маро нисбат ба IRS комилан мусбат кард. Ӯ, аз ҷумла гуфт, ки 16 соли фаъолият 11 корманди филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Туғён Умаров, Қозимурод Паҳлавонов, Ниёзқул Қулов, Фахриддин Ашуров, Некрӯз Зуҳуров, Ҷаъфар Ёралиев, Ҳотамбек Ашуров, Фаррух Наврӯзов, Аҳрорқул Каримов, Музаффар Ғоибов, Муродҷон Уришбоев аз ҳамон ҷумлаанд. ҳангоми иҷрои вазифаи хеш (бартарафсозии тармаҳо) ҳалок шудаанд.

Бо назардошти фаъолияти пурсамари ширкати мазкур, месазад, ки ин шахсон баъд аз марг ҳам бошад, қадршиносӣ шаванд, зеро аз ҷонфидоиҳои онҳо номи нек боқӣ мондаву онро абадӣ намудан вазифаи ҷонӣ ва рисолати инсонии масъулини соҳа аст.

Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД