new banner new years
Қаҳрамони ҳамсару фарзандони худ бошед
773

Қисми зиёди занҳои шавҳардор, ки чандин сол бо як мард дар болин сар ниҳода, аз ҷой бархостаанд, ба худ дигар аҳаммият намедиҳанд. Зеро фикр мекунанд, ки замони ишқу ошиқиҳояшон кайҳо гузаштааст.

Суханҳои ошиқонаи зан ҳам аз байн рафтаасту барои харидани гул дар кисаи ҳамсар пул намондааст. Бо баҳонаи кори хона ва кӯдакон зан охирон маротиба кай ба оина нигаристани худро фаромӯш кардааст.

Бояд гуфт, ки аз ҳар ҷиҳат ин кор нодуруст аст. Аввалан, мардатон ба “безеб” будани шумо одат мекунаду фикр мекунад, ки аз аввал чунинед. Ин амали шумо сабаб мешавад, то ҳамсаратон ба бонуҳои олуфта аҳаммият диҳад.

Сониян, новобаста ба аҳаммият додани ҳамсаратон шумо бояд ҳама вақт зебою ороста бошед. Ин барои шумо аз чанд ҷиҳат фоиданок аст. Нахуст, мард бо дидани шумо хушҳол мешавад, ҳарчанд агар бо забон иброз надорад. Дуввум, кӯдаконатон ба зебову зебопараст будан одат мекунанд. Ин сабаб мешавад, ки шумо худро дӯст дореду барои зебоии худ вақт сарф намоед.

Ҳар вақт махсус барои шавҳаратон худро ороста намоед, чӣ дар сари дастурхон ва ё рахти хоб. Метавон дар назди рахти хоб аз либосҳои ҳариру атри мушкин истифода намуд. Ин таъби мардро болида менамояд. Аз ин ӯ ба хушҳолӣ сар ба болин ниҳода, тамоми рӯзи оянда хушҳол мемонад.

Мардҳое, ки пеш аз баромадан аз дари хона ҳамсарашонро мебӯсанд ва бо хушҳолӣ ба кор меравад, аз дигарон дида корашон бобарортар буда, даромади молияшон низ зиёд мешавад. Шояд хонанда савол диҳад, ки чӣ хел бӯсидани зан пулро зиёд мекардааст? Албатта ин бӯса сеҳрнок нест, вале рӯҳро болида менамояд. Ҳатто дар дини Ислом низ омадааст, ки агар зан ба ҳамсараш дуои хайр кунад, баракати хона меафзояд.

Ғайр аз зебо нигоҳ доштани худ боз чанд роҳи дилёбии мардон вуҷуд дорад:

  • Саҳар аз хоб барвақттар хеста, барои шавҳаратон наҳории дӯстдоштаашро тайёр намоед, то бо энергияи зиёд ба кор раваду то бегоҳ хӯроки навбатиатонро бесаброна интизор шавад;
  • Ҳамин, ки аз ҳамом баромад, зӯд сарчоқу чуткаи дандоншӯяк ва дастгоҳи ришгириашро баред. Ҳарчанд, ба ӯ лозим ҳам нашавад, лекин ин амали хурдакаки шумо ӯро водор ба меҳрубонӣ менамояд;
  • То назди дар шавҳаратонро гусел намоед ва барояш суханҳои нарму пурмеҳр гӯед, то барои ба хона баргаштанаш сабаби калон дошта бошад;
  • Метавонед пас аз нисфирӯзӣ бо баҳонае занг зада пурсед, ки хӯроки нисфирӯзӣ хӯрдааст ё не. Ин ғамхории шумо табассуму таваҷҷуҳи мардро пайдо мекунад. Ин барои афзун шудани меҳри ӯ нисбати шумо хуб аст.

Ҳакиме гуфта буд, ки оиладор шудан ниҳоят кори душвор аст, зеро аз як дунё, ки фақат худат будӣ, ба дунёи ду нафара меафтӣ. Вале, оиларо солиму комил нигоҳ доштан қаҳрамонӣ аст. Пас, қаҳрамони ҳамсару фарзандони худ бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД