35 years of independency
Ҳаракати нақлиёт дар як қатор роҳҳои Душанбе муваққатан маҳдуд мешавад
20.10.2026
Оила
52

Ҳаракати нақлиёт дар як қатор роҳҳои Душанбе муваққатан маҳдуд мешавад

Имрӯз, 20-уми октябр, аз соати 13:00 то 16:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе қитъаҳои хиёбони Исмоили Сомонӣ ва кӯчаҳои Садриддин Айнӣ, А. Дониш ва М. Мастонгулов муваққатан қисман маҳдуд карда мешавад.

Тавре Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар додааст, ин маҳдудият ба ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои зикршуда дахл дошта, аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.

Ҳамчунин, аз ронандагон даъват шудааст, ки бо мақсади пешгирии бандшавии роҳҳо ва таъмини ҳаракати муназзами нақлиёт, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя карда, ҳангоми интихоби масир маҳдудиятҳои муваққатиро ба назар гиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД