Arzon march 2024
АРАФА ЯК РӮЗ АСТ Ё ДАҲ РӮЗ?
1708

 

 

Аз касе пӯшида нест, ки пагоҳ иди Қурбонро ҷашн мегирем. Чанд рӯзи охир аз дӯстону наздиконам тариқи саҳифаҳои иҷтимоӣ бо мазмуни “арафаи иди Қурбон муборак” паёмакҳои табрикотӣ расида истодааст.Фаҳмидан мехостам, ки арафа гуфта, даҳаи пеш аз идро дар назар доранд ё як рӯзи охири пеши аз фаро расидани идро?

Фарҳод Ҳабибов, корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ

Ба саволи хонандаи мо Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сармутахассиси Раёсати фатвои ҶТ чунин посух гуфт:

Даҳаи идро сар то сар арафа номидан чандон дуруст нест, зеро танҳо рӯзи нуҳум, яъне як рӯз пеш аз идро арафа мегӯянд. Дар рӯзи ҳаштуми моҳи Зулҳиҷҷа ҳазрати Иброҳим (а) қурбонӣ кардани писараш Исмоилро хоб дид, аз ҳамин хотир рӯзи ҳаштумро маъмулан “Рӯзи тарвия” мегӯянд, ки ба маънои хоб дидан аст. Дар рӯзи нуҳум паёмбар, яъне Ҳазрати Иброҳим фаҳмид, ки хобаш ҳақ ва аз ҷониби Худованд будааст. Ба ривояти дигар, арафот рӯзест, ки ҳазрати Одам (а) бо Момоҳаво шинос шудаанд. Бори дигар таъкид мекунам, ки танҳо рӯзи нуҳуми даҳаи ид, яъне як рӯз пеш аз идро арафа гуфтан ҷоиз аст, дигар рӯзҳо ба арафа дохил намешаванд.

Имрӯз рӯзи арафаи иди Қурбон аст ва аз фурсат истифода бурда, ҳамагонро бо ин иди саид муборакбод мегӯям. Бигзор Худованд қурбонӣ ва дигар садақоти шуморо қабул карда, ҷумла мӯъминонро аз тамоми офату балоҳои заминиву осмонӣ нигоҳбон бошад ва ҳаёти ҳар кадоми мову шуморо лабрези файзу баракат гардонад. Омин!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД