Arzon march 2024
Арабистони Саудӣ: Тақдими ҳадяи навбатӣ ба Тоҷикистон
1204

Тоҷикистон аввалин кишварест, ки сабадҳои ғизоӣ ва дигар кӯмакҳое, ки дар доираи лоиҳаҳо тақдим карда шуд, мебошад.

99900

Ин нуқтаро имрӯз дар маросими супоридани хурмо дар ҳаҷми 25 тона аз ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шуд. Ин кумаки башардӯстона аз ҷониби шоҳ Салмон ҳамчун ҳадя ба кишвари мо тақдим карда шуд.

44

Маросими супоридани хурмо, дар бинои Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе баргузор гардид, ки Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, Зиёдуллоев Соҳибҷон, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.

 

Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар суҳбат қайд кард, ки лоиҳаи тақдими хурмо , ҳамчун кӯмакҳои башардӯстона дар барномаи марказии шоҳ Салом ҳамасола вуҷуд дорад, илова бар ин дигар кӯмакҳое, ки ба монандӣ ҷарроҳатҳои дил ва дигар хизматрасониҳои тиббӣ ба кишвари Тоҷкистон ирсол мегардад.

 

Арабистони Саудӣ аз ҷиҳати давлатҳои кӯмаккунанда дар ҷаҳон дар ҷои сеюм ва дар Ховари Миёна дар ҷои аввал меистад.

Чанде пеш бо дастгирии Арабистони Саудӣ мошинҳои саёри тиббӣ дар минтақаи Кӯлоб тақдим гардид, ки дар самти тандурустӣ дастгирии хубе буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД