"Зимистони имсола хеле сард омад ва онҳо паёмадҳои нохуши худро доштанд. Тибқи маълумоти охирини дар дасти мо буда, ин сардиҳо дар Бадахшон сабаби ба ҳалокат расидани чандин нафар гардид, ҳамчунин хонаҳои истиқоматӣ вайрону хароб гаштанд."
Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе ибрози назар намуд.
Сафир ҳамчунин илова кард, ки дар ин замина Шоҳигарии Арабистони Саудӣ як қатор чораҳои лозимӣ андешида шуда, ба хотири дастгирии бародарони тоҷик дар чунин ҳолати мушкил паҳлуи онҳо бошанд. Кумакҳои намояндагони Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмонро ба Тоҷикистон равона карданд ва дар ҳамоҳангӣ бо намояндаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва роҳандозӣ мегардад, барои мардуми осебпазир аз офатҳои табиӣ тақдим мегардад.
Маблағи Лоиҳаи “ Тақдими кумакҳои таъҷилии башардӯстона ба осебдидагони офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон” 1,5 миллион доларро ташкил мекунад, ки он ба 9901 оила, ки тақрибан 49, 505 нафарро дар бар мегирад, ки он аз болопӯши гарм, оташдон ва ангиштсанг иборат мебошад, расонида мешавад.
Латифзода Ҳотамшо, муовини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, ки дар вохӯрӣ бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва намояндагони ВАО иштирок дошт, қайд кард, ки бо кумаку дастгириҳои ин кишвар мошинҳои вазнин, ки барои бартараф намудани офатҳои табиӣ, паст кардани хавфи офтаҳои табииро дар ҳудуди кишвар мусоидат мекунад ва кори наҷотбахшонро осон мегардонад.
Лозим ба ёдоварист, ки кумаки башардӯстона ба осебдидагони офатҳои табиии дар ҳудудуи кишвар тибқи нақшаи тасдиқгардида дар ҳамкори бо Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон тақсим карда мешавад.