formula feb 2025
Арабистон ба беш аз 35 ҳазор оилаҳои ниёзманди тоҷик кумаки башардӯстона ҷудо кард
297

Дар доираи лоиҳаи “Сабади истеъмолӣ-2025” беш аз 35000 оилаҳои камбизоти тоҷик аз кумаки башардӯстона бархӯрдор хоҳанд гашт, ки асосан аз маводи хӯрока иборат мебошад.

Ин иқдом аз ҷониби Арабистони Саудӣ амалӣ гашта, барои оилаҳои ниёзманди тоҷик 7120 бастаи хӯрока ба маблағи $400 ҳазор доллари амрикоӣ омода шудааст. Бастаҳои кумаки башардӯстона аз маводи ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, қанд, биринҷ ва дигар маводи ғизоӣ иборат буда, барои хӯроки оилаи панҷнафара дар муддати як моҳ пешбинӣ шудаанд.

Оилаҳои ба кумаки башардӯстона ниёздошта аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар интихоб карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД