Formula september
Ҷаҳонгир мехост ҷинояти мудҳиши фарзандкушиашро пинҳон созад, вале...
1258

Хушунату зӯроварӣ дар оила аксаран бо фоҷиа анҷом меёбад. Бадбахтона, баъзан на танҳо занону духтарон, балки ҳатто кӯдакони хурдсол низ қурбони зӯроварии хонаводагӣ мегарданд. Кушта шудани як кӯдаки 2-сола бо дасти падар дар шаҳри Душанбе далели равшани ин гуфтаҳост...

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти як марди 31-сола бо гумони одамкушӣ хабар додааст. Ҷаҳонгир Қурбонзода дар куштори духтарчаи дусолааш гумонбар дониста шудааст.

Ҷаҳонгир Қурбонзода 31 сол дошта, зодаи ноҳия Темурмалики вилояти Хатлон мебошад. Номбурда дилбастаи машруботи спиртӣ буда, тез-тез шароб нӯшида, дар ҳолати мастӣ бо аҳли оилааш ҷангу ҷанҷол мекардааст ва онҳоро зери мушту лагад мегирифтааст. Номбурда санаи 14- сентябр ба хонаи иҷорааш, ки дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе воқеъ гашта буд, боз масту аласт меояд. Гиря кардани духтарчаи дусолаашро дида, ин марди бераҳм аввал ҳамсарашро зери мушту лагад мегирад ва баъдан тифли бегуноҳро бо тасма мезанад. Кӯдак бештар ғаш карда мегиряд. Падари золим бештар ба ғазаб омада, гулӯи фарзандашро бӯғӣ мекунад ва ба таври фаҳшиёна кӯдаки бегуноҳро ба қатл мерасонад.

Пас аз ин падари қотил барои рӯйпӯш намудани ҷинояти ваҳшиёнаи содир кардааш ҷасади кӯдакро ба зодгоҳаш, ноҳияи Темурмалик бурда, бо риояи раму русум ба хок месупорад, вале ин сирри нангин рӯйи об баромада, Ҷаҳонгир Қурбонзода аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт карда шуд.

Айни замон нисбати ӯ бо моддаи 104-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД