arzon replenishment
Ҷаҳонгарди тоҷик Парчами моро дар Антарктида парафшон намуд
680

Ҷаҳонгарди тоҷик Шарифбек Давлатов дар доираи эълон гардидани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баъд аз сафарҳои зиёд ба кишварҳои мухталифи олам ин навбат ба қитъаи Антарктида сафар намуда, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нуқтаи баландтарини Антарктида парафшон намуд.

Ба нақли ин гардишгар, барои расидан ба ин қитъаи дурдасти олам ӯ ба чанд давлати Амрикои Лотинӣ сафар карда, баъдан ба қитъаи Антарктида расидааст. Дар қитъаи Антарктида сайёҳи тоҷик чор шабонарӯз тариқи киштӣ саёҳат намудааст. Нуктаи аз ҳама муҳими ин сафар он аст, ки ҷаҳонгарди тоҷик Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нуқтаи баландтарини Антарктида парафшон намуд, ки боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷкистонӣ аст.

Шарифбек Давлатов аз сафар намудан ба қитъаи сардтарини олам ва аз наздик шоҳиди талафоти пиряхҳои Антрактида шудан мехоҳад таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкили обшавии пиряхҳо ва ҳифзи онҳо, ки Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд, ҷалб намояд. Ин тасмими ӯ аз манфиат холӣ нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД