Аҳолии кураи замин ба 8 миллиард нафар расид. Дар ин хусус Созмони Миллали Муттаҳид (СММ), дар сомонаи хабариаш иттилоъ додааст.
Антониу Гутерриш, Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид гуфтааст, ки зиёдшавии аҳолӣ, имкониятест барои гуногунандешӣ ва дастовардҳои инсоният дар самтҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, тандурустӣ, ки маҳз бо пешравии ин соҳа давомнокии умр зиёд ва маргу мирро дар миёни модарону кӯдакон коҳиш меёбад.
Гутерриш илова кардааст, ки тибқи пешгӯиҳои “Дурнамои аҳолии ҷаҳон 2022”, соли 2023 Ҳиндустон аз Чин пеш гузашта, сераҳолитарин кишвари ҷаҳон хоҳад шуд.
Афзоиши аҳолӣ дар ҷаҳон бештар дар кишварҳои фақиртарин аз қабили Африқои Ҷанубӣ ба назар мерасад.
Тибқи маълумоти СММ, аҳолии ҷаҳон метавонад дар соли 2030 ба 8,5 миллиард ва дар соли 2050 ба 9,7 миллиард нафар расад.
СММ пешгӯӣ мекунад, ки шумораи аҳолӣ дар солҳои 2080-ум ба 10,4 миллиард нафар расида то соли 2100 дар ин сатҳ боқӣ хоҳад монд. Ёдрас мешавем, ки рӯзи 24- июн дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ҳушдор дода буд, ки дар соли 2022 бисёре аз минтақаҳои ҷаҳон ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ӯ бо такя ба маълумоти Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ қайд кард, ки ду соли охир шумори одамоне, ки дар ҷаҳон аз камбуди шадиди ғизо азият мекашанд, ду баробар афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ ба 276 миллион нафарро ташкил додааст.