Sebiston new 2024 october
Аҳолии ҷаҳон ба 8 миллиард мерасад?
1020


Департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Миллали Муттаҳид пешгӯӣ мекунад, ки то моҳи ноябри соли 2022 аҳолии сайёра ба 8 миллиард мерасад.

Дар ин бора сомонаи "Овози Самарқанд" дар такя ба манбааш иттилоъ додааст.
Тибқи маълумоти СММ аҳолии курраи замин дар соли 2030 ба 8.5 миллиард нафар расида, соли 2050 бошад ба 9.7 миллиард баробар мешавад. Авҷи афзоиши аҳолӣ соли 2080 дониста шуда, соли 2100 шумораи сокинони сайёраи замин ба 10.4 миллиард хоҳад расид.

Таъкид шудааст, ки то соли 2050 беш аз нисфи шумораи умумии афзоиши пешбинишудаи аҳолӣ дар ҷаҳон дар ҳашт кишвар-Ҷумҳурии Демократии Конго, Миср, Эфиопия, Ҳиндустон, Нигерия, Покистон, Филиппин ва Танзания мутамарказ хоҳанд шуд.

Пешгӯи мешавад, ки то соли 2027 аҳолии Ҳиндустон афзуда, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин як зина пеш мегузарад ва сераҳолитарин кишвари олам мегардад. Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД