Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Умар Зиёев дар моҳи шарифи Рамазон дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт. Сабаби марги ин овозхони шинохтаи тоҷик маълум нест.
Ба иттилоъи расонаҳо Умар Зиёев шоми якшанбе, тахминан соатҳои 17. 00 дар манзили истиқоматиаш ҷон ба ҷонофарин супурдааст. Ҷанозаи марҳум имрӯз 18-март, пеш аз намози пешин дар манзилаш, ки дар маҳаллаи 9-1-уми пойтахт дар наздикии тарабхонаи “Арбат” воқеъ гаштааст, баргузор мешавад.
Дӯстон ва мухлисони ин марди ҳунар имкон доранд, ки дар маросими ҷанози иштирок намуда, бори охир бо Умар Зиёев видоъ намоянд.
Хотиррасон мекунем, ки Умар Зиёев 28- феврали соли 1951 дар Ваҳдат таваллуд шуда, хатмкардаи Институти политехникии Тоҷикистон буд. Сарояндаи касбӣ набошад ҳам, худованд ҳунару истеъдоди хуби овозхониро ба ӯ насиб гардонида буд ва Умар Зиёев солиёни зиёде дар қатори машҳуртарин ситораҳои эстрадаи тоҷик ба мисли Муқаддас Набиева, Тоҷиддин Муҳиддинов, Кароматуллои Қурбон дар Оркестри эстрадии “Гулшан” барои рушду нумӯъи санъати эстрадии тоҷик заҳмат кашида, таронаҳои ҷаззобу дилнишини зиёде эҷод намуд.
Сурудҳои Умар Зиёе“Сад раҳ дар интизорат”, “Зулфи парешон”, “Боз омадӣ», «Баҳорам», «Дилбари ман», «Марав”, “Туро ман дӯст медорам», «Эй соқӣ»,«Шаби маҳтоб», «Ҷустуҷӯят мекунам» , «Мадеҳ озорам», «Биё бимон» хотираи неки ин марди ҳунарро дар қалби ошиқони санъат зинда хоҳанд дошт.