arzon replenishment
Анонси шумораи №43 ҳафтаномаи “Оила”
2115

 Дар шумораи №43 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Келини хаппак бало будааст”, “ Дод аз дасти зани телефонбоз”, “Айбамро дониста, маро ба занӣ гирифтанист”,

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” ба саволи хонандагон “Равшан Анаев бо Ганҷина хонадор шуд?” ва “Абдурозиқ бо Хасбулла ҷанг мекунанд?” то кадом андоза дурусту дақиқ будани овозаҳои мазкур посух дода шудааст.

Дар рубрикаи “Сарнавишт” қиссаи пурмоҷарои “Сияҳном”, ки аз зиндагии воқеии як зан нигошта шудааст, шумо моҷарои хонаводагии як оиларо мутолиа карда метавонед. Бахилӣ, ҳасуд, рашк ва туҳмат боис мегардаду зиндагии ду нафар вайрон ва як зани бегуноҳ барои тамоми умр аз бахти ширин бенасиб мегардад. Қиссаи мазкур давомдор буда, идомаи онро дар шумораи ояндаи ҳафтанома мутолиа кардан мумкин аст.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз ҷониби намояндагони дин посух дода шудааст. Дар ин ҳафта ба саволҳои “Чилёсин иҷозат ҳаст?”, “Хондани сураи қадр пас аз вузӯ”, “Талоқи бангӣ қабул аст?”, “Гӯшти асп ҳаром аст?”, “Намоз дар либоси духтурӣ” ва дигар мавзуҳо посухро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Номҳои тоҷикӣ” шумо метавонед номҳои духтаронаро, ки бо ҳарфи “Ф” сар мешаванд, барои фарзанди навзоди худ интихоб намоед.

Дар рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволҳои “Кӯдаки бе шиноснома чӣ ҳуқуқ дорад?”, “Маҷбурӣ оилаи моро ҷудо мекунанд?”, “Метавонам зани дуюм шавам?”, “Барои имзои сохта кӣ ҷазо мегирад?” посухи адвокат дода шудааст.

Қиссаи “Фоҷеаи зебосанам” бори дигар духтарону бонувонро ҳушдор месозад, ки обрӯ, нангу номус ва иффату покизагӣ барои зан бояд дар ҷои аввал қарор дошта бошад. Қабл аз он ки духтари ҷавон як қадам ба пеш мегузорад, бояд садҳо маротиба андеша намояд, ки оё қадами гузоштаи ӯ чӣ оқибату чӣ бадбахтиҳоро метавонад ба сари ӯ ва аҳли оилааш биёрад. Мутолиа кунеду фикру андешаи худро ба мо ирсол намоед.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуб, ТИК-ТОК ва Инстаграм пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳои ҷолибро аз олами шабакаҳои маъруфтарини интернетӣ таҳти сарлавҳаи “Аз подкасти Барон то гузориши Рафаел Гулов” мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Чеҳра” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро бо Ҳунарпешаи ҷавони Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Гулмира Аҳрорзода таҳти унвони “Ҳунарпеша будани як духтар ҳеҷ бадӣ надорад” мутолиа карда метавонед.

Дар рубрикаи “Солимӣ ва зебоӣ” ба саволи хонанда таҳти унвони “Вақте ки пойҳо дард мекунанд, чӣ бояд кард?” ва “Паридани чашм иншонаи фалокат аст ё беморӣ?” маводи тиббӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД