Arzon march 2024
Анонси шумораи №41- и ҳафтаномаи “Оила”
568

 

Дар шумораи №41 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

 

Дар саҳифаи 2-уми ҳафтанома толеъномаи ошиқон барои моҳи октябр пешкаши дилдодагон мегардад. Дар қисмати дувуми саҳифаи мазкур номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Хонаи марди ҳиллагар сӯзад!”, “Хушдоманам ба ману шавҳарам рашк мекунад”, “Зан буданро фаромӯш насозед” мутолиа намуда метавонед.

Дар саҳифаи 3-юми ҳафтанома қиссаи “Тамғаи бадномӣ” таҳия гаштааст. Қиссаи мазкур сарнавишти занест, ки як хатогии ҷавонияш тамоми умр домангираш гаштаасту зарари он ба фарзандону наберагонаш мерасад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” саволҳои кутоҳи динӣ ва посухи он аз ҷониби уламои дин пешкаши хонандагон мегардад.

“Сарнавишти як зани муҳоҷир” оиди мушкилоти садҳо нафар тоҷиконе нақл мекунад, ки бо фарзандони худ дар кишвари рус ба таълим дар макотибҳои ин кишвар роҳ дода намешаванд.

Дар саҳифаи 5-уми ҳафтанома ба саволҳои хонандагон дар мавриди масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба мушкилоти оилавӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳуқуқшиноси лоиҳаи “Ҳуқуқи ман” посух мегӯяд.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро “аз Афсӯси Баҳриддини Сабур то аввалин клипи Басстер” мутолиа намоед.

Дар саҳифаи ситораҳо таҳти унвони “Маро зебогиам не, садоям маъруф кард!” маводеро аз зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии ҳунарманди эронӣ Муҳсин Ягона мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Усулҳои халқии табобати хориш ва газаки бачадон?” роҳии табобат ва пешгирӣ намудани иллати мазкур маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД