Рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе давр мезанад, ки дар он ду зан як ҷавонзанро бо кӯдаки хурдсолаш бераҳмона латукӯб мекунанд. Кормандони милитсия аз паси таҳқиқи ин навор шуда, занони муштзӯреро, ки ҷавонзан ва тифли хурдсоли ӯро мавриди озор қарор додаанд, пайдо кардаанд.
Тавре дар телеграм-канали “Ахбори ВКД” хабар дода шудааст, ҳодиса моҳи декабри соли 2024 рӯй дода, Савсанбӣ, ҷавонзани 29-солаи зодаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ки муваққатан дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекунад, Кибриёи 32-соларо бо кӯдакони хурдсолаш ба хонааш даъват намудааст. Баъдан Савсанбӣ аз сари рашк ба меҳмон ҳамла намуда, ҳамроҳи модари 55-солааш Кибриёро бераҳмона латукӯб кардааст. Ин ду зани аз рашк инони ихтиёр аз даст дода ҳатто ба кӯдаки бегуноҳ раҳм накарда, писарчаи 3-солаи Кибриёро низ бо тасма задаанд.
Гуфта мешавад, ки дар рафти ҷангу ҷанҷол Савсанбӣ ва модараш телефони тамғаи Samsung ва гӯшвраҳои нуқрагини Кибриёро ҳам зада шикастаанд.
Айни замон нисбати Савсанбӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Дар рафти тафтишот ба кирдори модари Савсанбӣ низ баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад.