arzon replenishment
Ҷанҷолу латукӯб дар маҳаллаи Ҳаёти Нави шаҳри Душанбе
178

Кормандони милитсия як ҷавони 28-солаи сокини пойтахтро барои авбошӣ ва кордзанӣ дар маҳаллаи Ҳаёти Нави шаҳри Душанбе боздошт намудаанд. Дар ин бора Вазорати умури дохилии кишвар дар сомонаи расмиаш хабар додааст.

“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир шуд. Гумонбаршаванда бо ҳамроҳии ҳамаслаконаш ҷавонони 19, 21 ва марди 26-солаи сокинони шаҳри Душанбеву ноҳияи Файзобод рӯзи 30-юми январи соли 2025, тахминан соати 15:30 дақиқа дар кӯчаи Ҳаёти Нави шаҳри Душанбе бо ду нафар ҷавонмардони 23 ва 29-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, ҳамдигарро зери латукӯб қарор додаанд. Гумонбаршавандагон бо корд ва олоти халандаю буррандаи дар дасташон буда як маротиба ба пойи чапи ҷавони 23-сола ва бо табар дар қисмати пушти марди 29-сола зарба задаанд”,- омадааст дар хабар.

Дар натиҷа ҷабрдидагон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Барои муайян ва дастгир кардани дигар гумонбаршавандагон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД