Хушунату зӯроварӣ дар оила солҳои охир ба яке аз мавзӯъҳои доғи ҳаёти ҷомеа табдил ёфтааст. Мутаассифона, гоҳе баҳсу мунозира ва моҷароҳои оилавӣ бо фоҷиа анҷом меёбанд.
Вазорати умури дохилии кишвар аз содир шудани боз як ҷинояти мудҳиши куштори оилавӣ хабар додааст.
Тавре ки манбаъ менависад, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо гумони содир намудани ҷинояти вазнини одамкушӣ дастгир карда шудааст. Зан дар куштори бераҳмонаи шавҳараш муттаҳам дониста мешавад.
Гуфта шудааст, ки шаби 22 ба 23-юми марти соли равон, тахминан соати 02:00 дар хонаи истиқоматиашон байни зану шавҳар ҷангу ҷанҷол сар зада, дар рафти моҷарои оилавӣ зан ба қафаси синаи шавҳари 38-солааш 1 корд задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Айни замон нисбати ин зан бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишоти сабабҳои ин қазияи хунин идома дорад.