arzon replenishment
Ҷанҷоли мактабӣ бо куштор анҷом ёфт
1313


Ҷанҷоли мактаббачаҳои шаҳрӣ бо бачаҳои деҳотӣ якеро ба гӯристону дигариро ба зиндон бурд. Ин моҷаро, ки аз баҳсу мунозираи лафзии кӯдакона оғоз ёфта буд, билохира бо хунрезӣ ба поён расида, ба сари чанд оила мусибат овард...

"Суди Олии Тоҷикистон ноболиғ Ҳакимов Ҳусен Маҳмудҷоновичро дар асоси моддаҳои 237 қисми 3 банди «а» ва 104 қисми 2 бандҳои «в,к»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои одамкушӣ ба муҳлати 11 сол маҳкум намуд. Ин бачаи ноболиғ дар куштори як ноболиғи дигар гунаҳкор дониста шудааст".

Ба иттилоъи Прокуратараи Генералии Тоҷикистон рӯзи 17 -майи соли 2022, тахминан соати 15:30 дақиқа дар маркази дилхушии «Беҳин», воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чоргултеппа, деҳаи Чорсу, дар байни 10 нафар хонандагони синфи 8-и Муассисаи таҳсилоти миёна умумии №15-и ноҳияи Рӯдакӣ ноболиғон- Ҳотамов М.Р., Қурбонов Ш.О., Самадов У.Ҷ. Исмоилов А.А., Маҳмудов У.Д., Абдурозиқи А., Ҳакимов А.А., Баҳриддини 3., Нуров А.А., Колдашев А.А. ва хонандагони синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе-Ҳайитов Д.Қ., Ҳасанов М.Б., Сафаров А.Б., Давлатов С.Ҳ., Фахриддинов Б.М. бо сабабҳои ночиз муноқишаи лафзӣ cap задааст.

Ҳайитов Д.Қ. ба шиносонаш- ноболиғон Саидов Ш.Б., Назарзода З.С., Дороншоев Ф.М., Ваҳидов М.Н., ки дар толори бозиҳои компютерии «Драйв», воқеъ дар шаҳри Душанбе, қарор доштаанд, занг зада, гуфтааст, ки дар назди ҳавзи шиноварии «Беҳин» бачаҳои калон ҷамъ шудаанд ва ба кӯмаки онҳо расида нагузоранд, ки бачаҳои калон онҳоро мавриди лату кӯб қарор диҳанд.

Пас аз ин, ноболиғон Саидов Ш.Б., Назарзода З.С., Дороншоев Ф.М. ва Ваҳидов М.Н. тавассути автомашинаи сабукрави таксӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чоргултепппа, деҳаи Чорсу роҳсипор шуда, дар роҳ ноболиғ Ваҳидов М.Н. ба рафиқаш ноболиғ Ҳакимов Ҳ.М. занг зада, ӯро аз назди кӯчаи 1-уми Майи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо худ гирифта, ба деҳаи Чорсуи ноҳияи Рӯдакӣ бурдаанд.

Ҳамин тавр дар ноҳияи Рӯдакӣ байни мактаббачаҳои ноболиғи шаҳрию деҳотӣ ҷангу ҷанҷол сар зада, дар рафти ин моҷарои хунин Ҳакимов Ҳусен ба қафаси синаи ноболиғ Колдашев А. корд задааст. Дар натиҷа Колдашев А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ интиқол додан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 10- январи соли 2023 ноболиғ Ҳакимов Ҳ.М. бо моддаҳои 237 қисми 3 банди «а» ва 104 қисми 2 бандҳои «в,к» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ба ӯ ҷазои ниҳоии 11 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои тарбиявии низомаш умумӣ таъин карда шуд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД