Formula novemver 2024
Ҷанҷоли хунин дар сартарошхона
896


Муноқишаи ду ҷавон дар сартарошхона бо фоҷиаи хунин анҷом ёфта, якеро ба кунҷи мазору дигариро ба маҳбас бурд...

Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани боз як ҷанҷоли хунин дар байни ҷавонон хабар додааст. Ба иттилоъи манбаъ, ҳодиса дар назди сартарошхонаи “Сабур” дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан сар зада, соатҳои 23.30 байни ду ҷавон, ки яке 17 ва дигарӣ 19-сол доштаанд, ҷангу ҷанҷол ба миён омадааст. Дар рафти ин муноқишаи тақдирсӯз ҷавони 17-сола аз сартарошхона қайҷӣ гирифта, бо он ба қафаси синаи ҷавони 19-сола ду зарба задааст.

Ҷабрдида бар асари ин зарбаҳо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.

Ноболиғи 17-сола аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуда, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ нисбаташ бо қисми 2-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз крада шудааст. Тафтишоти ин қазияи хунин идома дорад.
Вақтҳои охир ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғон авҷ гирифтааст. Волидонро мебояд, ки нисбати фарзандонашон сахтгир бошанд ва махсусан ноболиғонро бе назорат нагузоранд.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД