Кормандони шуъбачаи милитсия дар ноҳияи Сино-2 Нозукой Расулзода, ҷавонзани 33-солаи зодаи ноҳияи Файзободро дастгир намудаанд. Гуфта мешавад, ки ин зан як ҷавонзани 36-солаи сокини шаҳри Душанберо корд задааст.
Ҳодиса рӯзи 30-юми декабри соли 2024 рӯй дода, байни Нозукой Расулзода ва ҷавонзани 36-солаи сокини шаҳри Душанбе Фарангис Давлатзода ҷангу ҷанҷол сар задааст. Дар рафти ин моҷаро Нозукой Расулзода Фарангис Давлатзодаро 2 маротиба корд задааст.
Ҷабрдида ба беморхона интиқол дода шуда, тафтишоти ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.