Arzon march 2024
Ҷаноби президент! Шавҳарам маро мезанад!
19.11.2022
ОИЛА
1131


Актрисаи машҳур аз президент хоҳиш кардааст, ки лаҷоми шавҳарашро кашад
Ҷанҷоли оилавии журналисти турк Реха Мухтор ва ҳамсараш актрисаи машҳур Дениз Угур то ба гӯши президенти Туркия расидааст.
Дениз Угур яке аз зеботарин ва машҳуртарин актрисаҳои синамои турк ба шумор меравад. Харидорони ин зебосанам аз мӯйи сараш ҳам зиёд буданд, вале Реха Мухтор, ки журналист ва бисёр марди гапдон аст, бо ширин забонӣ дили ин паричеҳраи шӯҳратёрро ба даст оварда, ӯро ба издивоҷ розӣ кунонд.
Бисёриҳо бар он андеша буданд, ки Реха ва Дениз чун ду инсони соҳибмаълумот ва боистеъдод зиндагии аҳлона ба сар бурда, яке аз хушбахттарин оилаҳои Туркия хоҳанд гашт, аммо ин тавр нашуд. Журналист зани ҷавону зебояшро ҳатто ба сояи худаш ҳам рашк бурда, тез-тез Денизро озор медод, таҳқир мекард ва ҳатто ба сараш даст бардошта, бераҳмона лату кӯб мекард. Дар пояи ҳамин рашку бадахлоқиҳои шавҳар оилаи онҳо оқибат  вайрон шуда, Дениз Угур барои аз шавҳараш ҷудо шудан ариза навишт.
Онҳо ду фарзанд дошта бошанд ҳам, ин журналисти хасис ба модари бачаҳояш ҳатто як хас ҳам додан нахост ва суд қарор баровард, ки кӯдакон бо падарашон мемонанд, аммо баъди муддати мадид духтарчаашро бераҳмона лату кӯб кардани Реха Мухтор расонаӣ гашта, ин хабар боиси он шуд, ки суд қарори пештараи худро бекор намуда, духтарчаро ба модараш диҳад.
Акнун Дениз Угур мехоҳад писарашро низ аз шавҳари муштзӯраш кашида гирад, вале Мухтор паст омадан намехоҳад ва писарашро доданӣ нест. Дурӯз қабл Реха Мухтор ҳамроҳи писараш ба яке аз тарабхонаҳои машҳури Истамбул омада буд. Ҳамин вақт собиқ ҳамсараш ба ӯ занг мезанад ва байни Мухтору Дениз Угур ҷангу ҷанҷоли телефонӣ сар мешавад. Журналист ботамоми овоз собиқ ҳамсарашро дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, тарабхонаро ба сараш бардоштааст. Мизоҷон аз ин нороҳат шуда, аз кормандони тарабхона хоҳиш мекунанд, ки ин беадабро аз ин ҷо ронанд. Пешхизматҳо ба хубӣ ӯро гусел карданӣ мешаванд, вале журналисти муштзӯр ҳар дуи онҳоро зада,хуншор месозад. Кормандони полис базӯр пешхизматҳои шаттахӯрдаро аз чанголи ин марди лозим халос кардаанд...
Хулоса, журналист дар тарабхона ки ноибе пул нишон дода бошад ҳам, аз болои ӯ парванда оғоз накардаанд, вале собиқ ҳамсараш Дениз Угур ин масъаларо ҳамту монданӣ нест. Актриса аз болои Реха Мухтор ба президенти Туркия номаи шикоятӣ навишта, аз сарвари давлат хоҳиш кардааст, ки лаҷоми собиқ шавҳарашро кашида монад ва ба ин марди беадаб, ки кораш фақат озор додану таҳқир кардани занону кӯдакон ва лату кӯб кардани мардуми бе пушту паноҳаст, ҷазои сазовор диҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД