Мегӯянд, ки андохтани ангуштарини нуқрагин ба ангушт суннати пайғамбар буда, савоб аст.
Суннат бошад, онро ба кадом ангушт мегузаронанд ва сохти ангуштарин бояд чӣ гуна бошад?
Абдуллоҳ, ш. Душанбе.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Аз дидгоҳи фиқҳи ҳанафӣ ангуштарини нуқра андохтан суннат нест, вале ҷоиз аст. Аз Расули Худо (с) ҳам дар боби дар дасти рост ва ҳам дар дасти чап андохтани ангуштарини нуқра ривоятҳо ворид шудаанд. (“Фатвои ҳиндӣ”, ҷ. 4, с. 114)