arzon replenishment
Ҳангоми намоз сураҳоро аз телефон хондан равост?
759


Синну солам аз 50 гузашту баъд намозхониро оғоз кардам, вале фақат чанд сураи кутоҳро аз ёд медонаму халос. Оё иҷозат ҳаст, ки сураҳои намедонистаамро аз экрани телефон ё китоб дар вақти намоз бихонам?
Шамсинисо, ш. Кӯлоб.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Хоҳари азиз, шукри Худованд, ки дер ҳам бошад, ба тоату ибодат пардохтед. Агар барномаи телефонро бо як даст идора карда тавонед, танҳо дар намозҳои нофила ва таровиҳ ин амалро анҷом диҳед, аммо дар намозҳои фарзӣ ва воҷибӣ бо чунин тарз намоз гузоштан дуруст нест ва ҳатто намозро фосид мекунад. Азбаски шумо дар оғози роҳ қарор доред, аз болои варақи китоб як муддат сураҳоро бихонед то азёд кунед. Худованд бахшандаву меҳрубон ва доност.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД