Фасли тобистон айёми истироҳату фароғат аст. Агар шумо ҳамроҳи аҳли оила ё худатон танҳо ба ягон истироҳатгоҳ дамгирӣ рафтан хоҳед, бисёр муҳим аст, ки чизҳои заруриро бо худ бигиред, то истироҳататон бароҳат, гуворо ва бехатар гузарад.
1. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ
Барои он ки шуморо ба истироҳатгоҳ роҳ диҳанд, қабл аз ҳама бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти худро пешниҳод намоед, бинобар ин, бо худ гирифтани шиносномаатонро (паспорт) фаромӯш накунед.
2. Чиптаи ҳавопаймо
Шумо ба ягон истироҳатгоҳи хориҷӣ рафтанӣ ҳастед? Ҳушу хаёли худро ҷамъ кунед ва пеш аз он, ки аз хонаатон мебароед, як бори дигар санҷед, ки чиптаи ҳавопайморо бо худ гирифтаед ё не.
3. Бо худ маблағ бигиред!
Инсон ҳамеша бо худ бояд як маблағи муайян дошта бошад, ҳатто ҳангоми дамгирӣ ва фароғат. Тамоми хароҷотҳоро пешакӣ пардохт карда бошед ҳам, ҳатман корти бонкиатонро бо худ гиред ва кӯшиш кунед, ки дар кисаатон каме пули нақд низ бошад, зеро на ҳамеша имконияти истифода бурдан аз банкоматҳо даст медиҳад.
4. Либос ва пойафзол
Барои истироҳат ва дамгирӣ либоси мувофиқро интихоб кардан лозим аст. Бо худ ҳатман либоси сабуки тобистона - футболка, шорт, куртаи тунук, пойафзоли бароҳат барои роҳ гаштан дар шароити кӯҳсор, кӯлоҳ, айнаки офтобӣ ва либоси шиноварӣ гиред.
5. Электроника ва таҷҳизот
Ҷаҳони муосирро бидуни технологияҳои навин тасаввур кардан ғайри имкон аст. Ҳангоми ба истироҳатгоҳ рафтан шумо бояд ҳатман телефони мобилӣ, наушник, батареяи иловагӣ, видеокамера барои аксбардорӣ дошта бошед, то бо наздиконатон дар иртибот бошед ва лаҳзаҳои гуворои истироҳати худро сабт намоед.
6. Китобу маҷаллаҳоро фаромӯш накунед
Албатта дар истироҳатгоҳ шумо 24 соат фақат оббозӣ намекунед. Барои он ки дар лаҳзаҳои фароғат ғизои маънавӣ бигиред, ҳатман бо худ китоб ё маҷаллаҳои шавқовар гиред. Дар баробари китоб ва маҷалла метавонед барои бозӣ бо худ тӯб ва тахтаи шоҳмот бигиред.
7. Дафтарча ва қалам
Бо худ дафтарчаи кисагӣ ва қалам гирифта, ҳодисаҳои аҷиберо, ки дар истироҳатгоҳ рӯй медиҳанд, ҳатман нависед. Хотиранависӣ машғулияи хуб буда, имкон медиҳад, ки шумо лаҳзаҳои ширини ҳаётатонро ҷовидонӣ созед.
Боқӣ, ба шумо истироҳати гуворо хоҳонем!