Таътили тобистона аллакай нисф шуда, ин шабу рӯзҳо аксари падару модарон дар фикри он ҳастанд, ки дар соли нави хониш фарзандони худро дар кадом мактаб гузоранд. Бо мақсади кумак ба волидон чанд маслиҳати муфидро дар боби интихоби мактаби муносиб пешниҳод менамоем.
1. Сифати таълим
Чизи аз ҳама муҳим ҳангоми интихоби мактаб ин сифати таълим мебошад. Пеш аз он ки фарзандатонро ба ягон мактаб мегузоред, омӯзед, ки оё он мактаб омӯзгорони соҳибтаҷриба ва боэътимод дорад ё не?
2. Муҳити тарбиявӣ
Таъсири муҳит дар тарбияи ахлоқии кӯдакону наврасон бузург аст. Бачаи хубу фаъол низ беодоб ва дарсгурез мешавад, агар бо кӯдакони бадахлоқ ҳамнишин гардад, бинобар ин, диққат диҳед, ки оё мактаб тарбияи хуб ва муҳити солим дорад?
3. Фосилаи байни мактаб ва хона
Омили дигари хеле муҳим ин бехатарии кӯдакон ҳангоми ба мактаб рафтан аст. Аз ҳамин хотир кӯшиш кунед мактаберо интихоб намоед, ки ба хонаатон наздиктар бошад.
4. Асбобу лавозимоти хониш
Агар шумо аллакай мактаби муносибро интихоб кардаед, омодагиро ба соли нави таҳсил аз ҳоло бояд оғоз намоед ва ашёҳои зеринро харидорӣ кунед:
Дафтар, китоб, қалами оддӣ ва қаламҳои ранга, албом, хаткӯркунак, компютер ё планшет бо мақсади дастрасӣ ба китобхона ё интернет барои омӯзиш ва ғайра...
5. Барои рушди фарзандон
Волидон дар баробари омӯзиши илму дониш бояд ба рушду малака ва ҳунари фарзандони худ диққати ҷиддӣ диҳанд. Барои ин шуморо лозим аст, ки вобаста ба завқи кӯдак фарзандатонро ба сексияҳои варзишӣ, кружокҳои мусиқӣ, расмкашӣ ё курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ гузоред.
6. Танзими реҷаи рӯзи кӯдак
Аксари падару модарон ба хотири он ки фарзандонашон ҳарчи бештар илму донишҳои замонавиро аз худ намояд, кӯдаконро соатҳои дароз ба хондан маҷбур месозанд. Ин кори хато буда, ба ҳолати рӯҳии кӯдак ва саломатиаш таъсири манфӣ мерасонад. Дар ёд дошта бошед, ки реҷаи рӯзи кӯдакон бояд дуруст тақсим карда шавад, зеро ҳар кор вақту соати муаяни худро дорад. Кӯдак бояд дар баробари хондан, вақти кофӣ барои хоб, бозӣ ва истироҳат дошта бошад.
7. Маблағгузорӣ барои ояндаи фарзандон
Ва ниҳоят чизи аз ҳама муҳим ин ба ҳисоб гирифтани хароҷотҳои мактабӣ мебошад. Агар шумо фарзанди худро ба ягон гимназия ё мактаби хусусӣ гузоштанӣ бошед, бояд ҳаққи таълимро пардохт намоед. Дар баробари ин хароҷотҳои дигар аз ҷумла харидани либоси мактабӣ, лавозимоти таҳсил, роҳкиро ва хурду хӯроки кӯдаконро низ ба назар гирифтан лозим аст.