tobiston
Барои омода намудани кӯдак ба синфи якум чӣ бояд кард?
255

Омодасозии кӯдак ба синфи якум дар ҳаёти ҳар як хонавода яке аз муҳимтарин ва ҳаяҷонбахштарин рӯйдодҳои зиндагист. Ин қадами аввалини фарзанди шумост дар роҳи омӯхтани илм, бинобар ин, волидон бояд ҳаматарафа ба кӯдак барои омода шудан ба мактаб ёрӣ расонанд.

Мактабхон шудан танҳо ёд гирифтани алифбо нест

Волидайн бояд дарк намоянд, ки мактабхон шудан танҳо аз омӯзиши ҳарфу рақам иборат нест. Кӯдак бояд тавонад ҳисси ҳаяҷон ва тарсро идора кунад, бо дигарон муошират намояд, супоришҳоро иҷро кунад ва ба муҳити нав зуд мутобиқ гардад.

Омодагии равонӣ

Муҳим аст, ки пеш аз қадам гузоштан ба синфи якум, кӯдак бо муҳаббат, сабр ва бозӣ омода шавад. Кӯдакон маҳз тавассути бозӣ ва суҳбати гарму озод дар муҳити оилавӣ худро қавӣ ва боварнок эҳсос мекунанд. Волидайн, омӯзгорон ва умуман калонсолон бояд кӯдаконро рӯҳан дастгирӣ намоянд, то ки кӯдак қадамҳои аввалини худро ба мактаб бо шодӣ ва боварӣ гузорад.

Волидон бояд чӣ кор кунанд?

Барои он ки кӯдак рӯҳан ба мактаб тайёр шавда, волидон бояд корҳои зеринро анҷом диҳанд:

1. Бо фарзандатон бештар суҳбат карда, фаҳмонед, ки мактаб чист ва чӣ хубиҳо дорад, то ки ӯ ҳаяҷон ва шавқ пайдо кунад, на тарс.

2. Ба кӯдак фаҳмонед, ки омӯзгор дӯсти ӯст ва ба ҳар саволаш ҷавоб гуфта, дар ҳалли мушкилоташ кумак мекунад.

3. Бо фарзандатон “мактаббозӣ” кунед, бояд шумо муаллим ва ӯ «хонанда» шавад, то ба нақши наваш одат кунад.

Кӯдак то ба мактаб рафтан чиро бояд донад ва тавонад?

Кӯдак бояд то ба остонаи мактаб қадам ниҳодан маҳоратҳои зеринро омӯзад:

1. Ном ва насабашро навишта тавонад ё шиносад.

2. Рақамҳоро аз 1 то 10 ҳисоб карда тавонад.

3. Ҳарфҳои алифборо шиносад.

4. Аъзои баданро номбар карда тавонад.

5. Аз уҳдаи расмкашӣ, ранг кардан, буридан бо қайчӣ (бехатар) барояд.

6. Бо қалам ё қаламча хат кашидан ва навишти ҳарфҳои содаро ёд гирад.

Кадом хислатҳоро дар кӯдак бояд ташаккул дод?

Барои он ки дар мактаб ҳамгоми муомила ва муносибат бо дигарон фарзанди шумо душворӣ накашад, хислатҳои зеринро дар ӯ ташаккул диҳед ва фаҳмонед:

1. Ҳангоми бо дигар кӯдакон бозӣ кардан дар майдончаи кӯдакона ба навбат риоя намудан.

2. Агар ба чизе ниёз пайдо шуд, бо эҳтиром онро дархост кардан ва бо эҳтиром ҷавоб гуфтан ба хоҳиши дигарон.

3. Гӯш кардан ба супоришҳое, ки муаллим медиҳад ва иҷрои онҳо.

4. Мустақилона либосу пойафзоли худро пӯшидан ва кашидан.

5. Лавозимоти таълимӣ - қалам, китоб ва дафтарро ҳамеша тоза нигоҳ доштан.

6. Истифодаи дурусти қуттии хӯрок ва шишаи об.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД