tobiston
9 роҳи хотирмон ва боманфиат гузаронидани рухсатии меҳнатӣ
07.07.2025
Oila.tj
183

Аксари одамон маҳз дар фасли тобистон рухсатии меҳнатӣ мегиранд, вале аз паси ташвишҳои рӯзмарраи зиндагӣ овора шуда, чӣ тавр гузаштани онро нафаҳмида мемонанд. Дар натиҷа хастагиашон рафъ нагашта, боз ба кор мебароянд. Хоҳед, ки рухсатии меҳнатии шумо боманфиат ва хотирмон гузарад, бо маслиҳатҳои зерин амал намоед.

1. Сафар ба ҷойҳои нав

Кору бори зиндагӣ тамомшавӣ надорад, бинобар ин, дар давраи рухсатии меҳнатиатон ба шаҳр ё кишвари дигар сафар кунед. Дар ёд дошта бошед, ки ҳатто тамошои як шаҳрак ё ноҳияи наздик метавонад барои шумо таҷрибаи нав гашта, рӯҳияатонро иваз кунад.

2. Табиатро интихоб кунед

Дар давраи рухсатии меҳнатӣ ҳатман вақт ёфта, ба сайри кӯҳу биёбон, тамошои дарёву кӯлҳо ё соҳили баҳр равед. Табиат хастагиро ба зудӣ рафъ намуда, ба шумо қуввату неруи тоза мебахшад.

3. Парвоз ба он сӯйи уқёнус

Агар имконияти молиявиатон хуб бошад, ба хориҷи кишвар сафар кунед. Дамгирӣ дар истироҳатгоҳҳои хориҷӣ натанҳо истироҳати бофароғат аст, балки ҷаҳонбиниатонро васеъ гардонида, шумораи дӯстонатонро зиёдтар месозад.

4. Истироҳати ором ва барқарорсозанда

Дар баробари дамгирӣ саломатии худро барқарор намудан хоҳед, пас ба осоишгоҳҳои (санатория) дохилии ҷумҳурӣ равед.

5. Деҳаро фаромӯш накунед

Дар давраи рухсатии меҳнатӣ сафар кардан ба деҳа муфид мебошад, чунки шумо бо хешу табори наздикатон вохӯрда, ғубори дилатонро мебароред ва аз ҳавои тоза нафас мекашед. Дур шудан аз телефону компютер ва шаҳри пурғавғо барои чанде хеле манфиатбахш аст.

6. Агар шахси моҷароҷӯй ҳастед...

Лагер бо хайма, кӯҳнавардӣ, велосипедронӣ ё шиноварӣ - ин ҳама барои шахсони моҷароҷӯй беҳтарин навъҳои истироҳат дар давраи рухсатии меҳнатӣ мебошанд. Ба ҳаводорони варзиш дар марафонҳо ва саёҳати кӯҳӣ ширкат варзиданро тавсия медиҳем.

7. Омӯзиши чизҳои нав

Курси кӯтоҳмуддати рассомӣ, пухтупаз, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ё рақс имконият медиҳад, ки шумо рухсатии худро натанҳо гуворо, балки ҳамзамон боманфиат гузаронед. Метавонед китобҳои ҷолиберо бихонед, ки кайҳо мехостед, вале вақт надоштед.

8. Вақтатонро бо азизонатон хуш гузаронед

Кӯшиш кунед, ки аз фурсат истифода бурда, вақти худро бо азизони дилатон хуш гузаронед. Якҷоя сайругашт кардан ва бозиҳои гурӯҳӣ табъи шуморо болида месозад.

9. Эҷодиёт ва худшиносӣ

Давраи рухсатии меҳнатӣ беҳтарин фурсат аст, барои навиштани шеъру ҳикояҳо, наққошӣ, аксбардорӣ, созмон додани рӯзномаи шахсӣ бо аксҳо ва хотираҳо. Аз лаҳзаҳои хурд низ метавон хотироти калон сохт.

Хулоса, беҳтарини рухсатӣ онест, ки ба шумо шодию оромӣ мебахшад. Барои ин шарт нест, ки пули зиёд сарф кунед, муҳим он аст, ки дил ва рӯҳатон болида гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД