Чуноне медонем, дини Ислом дар даврони ҳайз ба занҳо маҳдудиятҳо гузоштааст. Лутфан бигўед, ки дар вақти ҳайз зан метавонад, тариқи телефон сураи Қуръон гўш кунад?
Кибриё, ш. Кӯлоб.
Посухи домулло Ҷамлиддин Хомӯшӣ
Хоҳари азиз, зан дар ҳолати ҳайз ё нифос намоз ва Қуръон хонда наметавонад, аммо гўш кардани сураи Қуръон барои ў ишколе надорад. Дар маросиме низ ширкат дошта бошад, метавонад ҳамроҳи занони дигар дуову фотеҳа кунад.