Ҷанг! Ҷанги бераҳмонае, ки ба сари тоҷикон мусибати бузурге овард. Садҳо ҷавонони бегуноҳ кушта шуда, ҳазорон нафар аз тарси ҷон хонаву хонамони худро раҳо карда, ҷонҳавл рӯ ба гурез мениҳоданд. Одамон чунон ба даҳшат афтода буданд, ки дар талвосаи наҷоти ҷони худ, ҳатто модар фарзанди ширхораашро фаромӯш карда мегурехт. Кӯдакон ба як бурда нон зору дар ҷӯйҳо ба ҷойи об хун равон буд. Ҷӯйи хуни одамизод...
Аз байн қариб 30-сол гузашта бошад ҳам, ваҳшату даҳшати ҷанги бародаркушӣ дар Тоҷикистон то ҳол аз ёди касоне, ки ин фоҷиаи вазнинро аз сар гузарониданд, намеравад.
Театри тамошобини ҷавони шаҳри Маскав бори дигар ба ин мавзӯи дарднок рӯ варда, намоишномае таҳия намудааст, ки дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва фоҷиаҳое, ки ин ҷанги бемаънӣ ба сари одамон овард, қисса мекунад. Намоишнома “Хонаи ман куҷост?” ном дошта, қаҳрамонҳои асосиаш се паноҳандаи рус аз Тоҷикистонанд, ки аз ҷанги шаҳвандӣ фирор кардаанд. Се муҳоҷир бо фарҳанги бегона бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мегарданд.
Ба иттилои Спутник намоишномаи “Хонаи ман куҷост?”-ро Кама Гинкас, коргардони шинохтаи рус аз рӯи пиесаи "Республика" -и Сергей Давыдов таҳия намудааст.
Нархи чиптаҳои намишнома аз 1000 рубл оғоз ёфта, даромадани тамошобинони ҳанӯз ба синни 18-солагӣ нарасида ба толор манъ аст, зеро дар намоишнома саҳнаҳои дашному ҳақорат ҷой доранд.