Ангина бемории шадиди сироятӣ маҳсуб ёфта, барангезандаҳои он стрептококк, стафилококк ва пневмококк мебошанд.
Дар натиҷаи ворид шудани ин барангезандаҳо ба организми инсон бодомакҳои гулӯ варам карда, сурхшавии онҳо ҳангоми муоина дида мешавад. Таъсири минбаъдаи беморӣ ба як қатор узвҳои ҳаётан муҳими инсон аз ҷумла мағзи сар, дил ва мушшакҳо расида метавонад.
Нишонаҳои беморӣ
Баланд шудани ҳарорати бадан, дард ҳангоми фурӯбарӣ, беҳолӣ, бемадорӣ, дарди сар аз аввалин нишонаҳои ин беморӣ маҳсуб меёбад. Намудҳои беморӣ бештар аз рӯи миқдори фасоде, ки дар бодомакҳои гулӯ ҷамъ мешавад, муайян карда мешаванд.
Лимучой-давои ангина?
Аксари одамон кӯшиш мекунанд, ки дар хона ангинаро бо воситаи антибиотикҳо ва нӯшидани лимучою асалчой табобат намоянд. Лозим ба ёдоварист, ки на дар ҳама ҳолат худмуолиҷакунӣ натиҷаи дилхоҳ медиҳад, аз ин рӯ беморро зарур аст, ки ба духтури оилавӣ муроҷиат намояд, зеро бемории мазкур паёмадҳои ногуворро ба бор оварда метавонад.
Ғарғара кӯмак мекунад?
Ғарғара намудани гулӯ бо маҳлули фуратсилин, намакоб, ё қиёми бобуна, эвкалипт ва мармарак (шалфей) давоми рӯз муфид аст. Ин намуди табобат, қисмати болои бодомакҳоро аз моеъҳои часпак ва фасод тоза карда, пошидани миқдори ками содда ва намаки ошӣ, ки хосияти зиддиилтиҳобӣ доранд, таъсири мусбат мерасонад.
Оё худмуолиҷа ориза меорад?
Дар натиҷаи муолиҷаи пурра нашудани бемории ангена оризаҳои зиёд, ба монандӣ гирифтор шудан ба тарбод (ревмотизм) ва ревмокардит дар пай дорад. Ногуфта намонад, ки бемории тарбод метавонад шахсро маъюб созад. Ангина ҳамчунин ба дил, майнаи сар ва буғумҳо зарари худро мерасонад.
Мутахаасисон чӣ мегӯянд?
Мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки гирифторни ангина нисбати ин беморӣ бепарвоӣ зҳир накарда, доруҳои антибиотикро дар як рӯз се маротиба ва то ҳафт-даҳ рӯз истеъмол намояд.
Хулоса, ангина бемории дорои хавфи миёна буда, беморонро лозим аст, ки онро ҷиддӣ табобат намоянд. Маслиҳати мо ба шахсони ба ин беморӣ гирифторшуда ва модароне, ки кӯдакони хурсолашон ангина дранд, ҳамин аст, ки ба мутахассисони соҳзаи тиб муроҷиат намоянд ва тамоми доруву дармони фармудаи табибонро сари вақт бигиранд, то ки ин касалии ба назар начандон вазнинбоиси пайдоиши дигар бемориҳо нагардад.