Formula september
Ҷанг шудан бо хушдоман дар хоб чӣ таъбир дорад?
1746

Салом! Ман зани 35-сола ва модари 4 фарзанд ҳастам. Шукри худо муносибатамон бо модаршӯям хуб аст, вале ду шаб боз пай дар пай хоб мебинам, ки бо хушдоманам ҷангу ҷанҷол шудаем ва рӯканию мӯканӣ дорем. Сахт дар ташвиш ҳастам. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.

БИБИРАҶАБ, аз н. Рӯдакӣ

Посух:

- Ташвиш накашед, ҷангу ҷанҷол кардан бо хушдоман дар хоб фоли бад набуда, баръакс хуб аст. Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, зан хоб бинад, ки дар рӯзи тӯй бо хушдоманаш ҷанг шудааст, оилааш соҳиби даромади калони пулӣ шуда, бою бадавлат мегарданд. Хоб бинед, ки дар хона бо модаршӯятон ҷанҷол шудаед, дар ҷойи кор ба шумо ҳасад хоҳанд бурд. Дар ҷойи ҷамъиятӣ бо модаршавҳар ҷанг шудан рамзи ба даст овардани ягон ашёи қимматбаҳо будааст.

Аммо хоб бинед, ки дар мағоза бо модаршӯятон ҷангу ҷанҷол карда истодаед, эҳтимоли дурудароз азоби беморӣ кашидан вуҷуд дорад. Кас хоб бинад, ки дар мактаб бо хушдоманаш ҷанг карда истодааст, дар ҷойи кораш ягон мушкилӣ ба миён меояд. Келину хушдоман дар лаби дарё ё соҳили баҳр ҷангу ҷанҷол кунанд, хонаро фурӯхта ба ҷойи дигар мекӯчанд. Дар мурдахона бо модаршӯй ҷанҷол кардан чандон хосияти хуб надошта, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шахси хобдида ба вазъияти хеле мураккаб гирифтор шуда, ба ёрии дигарон эҳтиёҷ пайдо мекунад. Задани хушдоман дар хоб нишонаи сар задани нофаҳмӣ байни шахси хобдида ва хешовандони наздикаш будааст. Дар хоб бо хушдоман ҷанг шуда, гиря кардани зан аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар рафти ҳуҷҷатгузории хона ягон мушкилӣ ба миён меояд. Зан хоб бинад, ки модаршӯяш ӯро таҳқир карда, паст зада истодааст дар ҷойи кораш ягон нофаҳмӣ ба миён омада, аз роҳбарият гап мешунавад.

Дар хоб аз мӯйи сари хушдоман дошта кашидан аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шумо шанси ба даст овардани пули калонро аз даст медиҳед.

Ҷангу ҷанҷол кардан бо собиқ хушдоманаш барои зани аз шавҳар ҷудошуда чандон фоли нек набуда, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бадхоҳон дар ҳақи шахси хобдида овозаҳои нохуш паҳн карда метавонанд.

Хоб бинед, ки бо модаршӯятон ҷангу ҷанҷол шудед ва вай бо тамоми овоз гиря дорад, даромади калони пулӣ ба даст меоред. Зан хоб бинад, ки модаршӯяш ҳомила шудааст, маошашро баланд мекунанд ё кори дигари сердаромад меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД