Маҳсулоти лозима:
150 г равғани маска, 150 г қаймоқ (сметана), 2 тухм, 70 г ҷем, 450 г орд, 10 г хокаи шакар.
Тарзи таҳия:
Қаймоқро бо равғани мулоимшудаи маска лат зада, тухму орд илова карда, хамир омода созед. Хамирро ғафсияш 2-3 мм тунук карда, онро ба таври чоркунҷа (тақрибан 5х5 см) бурида, дар дохили ҳар кадомаш ҷем гузореду қандинаро дар шакли лифофа тоб диҳед. Ба лаълии тафдон равған молида ё коғази пухтупазӣ тунук карда, қандинаҳоро чинеду дар ҳарорати 180 дараҷа муддати 15 дақиқа пазед.