Маҳсулоти лозима:
2 истакон орд, ½ истакон хокаи какао, 1 истакон шакар, 1 халтача ванилин, 1 халтача моддаи ковоккунанда, ½ истакон равған ва 2 истакон об.
Тарзи таҳия:
Тамоми маҳсулоти номбаршударо бо ҳам омезиш дода, дар охир обро илова кунед. Хамирро дар ҳарорати 180 дараҷаи тафдон вобаста ба ғафсии хамир муддати 40 дақиқа пазед ва муддати 15 дақиқа хунук кунед. Рӯи қандинаро мувофиқи табъи дили худ оро дода метавонед.