Маҳсулоти лозима:
150 грамм шакар
200 грамм равғани маска ё маргарин
1 қошуқча шакари ванилин (ванильный сахар)
1 тухм
3 қошуқ какао
300-350 грамм орд
1 қошуқча моддаи ковоккунанда (разрыхлитель)
100 грамм шоколад
Тарзи таҳия:
Равғанро бо шакару ванилин лат зада, тухм ва какаоро илова мекунем. Моддаи ковоккунандаро андохта хамир мешўрем. Хамирро дар болои миз тунук карда, бо қолабчақо мебурем.
Ба лаълии тафдон коғази пухтупазиро тунук мекунем ё равған молида, қолабчаҳоро мечинем ва қандинаро дар тафдон дар қарорати 180 дараҷа 20 дақиқа мепазем.
Шоколадро дар бӯғ об кунонида, бо шпритси қаннодӣ қандинаҳои пухтаро бо шоколад оро медиҳем. Қандина омода шуд.
Иштиҳои том!