Маҳсулоти лозима:
400 грамм зуволаи қабатӣ (слоёное тесто), 600 грамм тамашк (малина), 400 мл саршир (сливки), 200 грамм хокаи шакар.
Тарзи таҳия:
Тамашкро шуста, хушконед. Зуволаро ба таври гирд, ё чоркунҷа реза кунед. Ба товаи тафдон коғази ошпазӣ тунук карда, зуволачаҳоро чинеду бо чангак чанд ҷояшонро сӯрох кунед. Дар ҳарорати 200 дараҷа, то сурхча шуданаш нигоҳ доред. Сарширро бо шакари кӯфта лат зада, ба рӯйи кулчаҳои пухта молида, бо шакари кӯфта оро диҳед.