sebiston july new
Андешаҳои Пешвои миллат дар бораи Истиқлол
268

Ҳамватанони азиз, бори дигар ҳамаи шуморо бо Ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, беҳтарин нуктаҳоро аз суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гуногун дар мавзӯи Истиқлол ва нақши он дар ҳаёти мардуми тоҷик манзуратон мегардонем.

Истиқлол муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.

***

Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар замони Истиқлол ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу суботи ҷомеа мебошад. Маҳз ҳамин омил давлату миллатамонро аз хатари парокандашавӣ нигоҳ дошт.

***

Истиқлоли давлатӣ ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав баровард ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард.

***

Истиқлол барои эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи устувор гузошт. Забони ширину шево ва шоиронаву зебои тоҷикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муаррифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд.

***

Дар даврони Истиқлол мо суннат ва анъанаҳои миллии худро эҳё намудем. Дар ин росто, бисёр расму ойин ва анъанаҳои неки миллӣ зинда гардонида шуда, қисме аз онҳо мақоми давлатӣ гирифтанд ва ба ҷашнҳои миллӣ табдил ёфтанд.

***

Ба шарофати Истиқлол мо дар роҳи таҷдиди назар кардани таърих, адабиёт ва фарҳанги миллӣ қадамҳои устувор гузоштем.

***

Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ яке аз бузургтарин ҷашнҳои аҷдодии мо - Наврӯз, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад, аз нав зинда гардид ва ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт.

***

Дастоварди муҳимтарини мо дар давраи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ин аст, ки ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ ба сатҳи сиёсати давлатӣ бароварда шуд.

***

Истиқлоли Тоҷикистон натиҷаи кўшишу талошҳои тўлонии халқи тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи худ мебошад. Андешаи Истиқлол ва талоши расидан ба давлатдории худ дар зеҳни миллати мо дар давоми беш аз ҳазор сол ҳамеша зинда буд.

***

Беҳтарин ва бузургтарин дастоварди таърихи навини миллати куҳанбунёд ва соҳибфарҳанги тоҷик сулҳ ва Истиқлол аст. Вазифаи ҷониву виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ин дастовардро чун гавҳари чашм ҳифз кунем ва шукронаи ин неъмати бузургро ба ҷо орем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД