Карло Анчелотти баъд аз бозии ниҳоии Ҷоми Испания бо “Барселона” рӯзи 26-уми апрел аз вазифаи сармураббии бошгоҳи “Реал Мадрид” истеъфо медиҳад. Дар ин бора Sky Sports хабар додааст.
Як рӯз пеш тими шаҳри Мадрид аз “Арсенал” шикаст хӯрд ва иштироки худро дар Лигаи Чемпионҳо дар марҳилаи чорякниҳоӣ анҷом дод. Дар чемпионати Испания “Реал” аз “Барселона” 4 имтиёз қафо мондааст, ки то анҷоми мусобиқа 7 даври дигар боқӣ мондааст.
Ёдовар мешавем, ки Анчелотти аз тобистони соли 2021 сармураббии тими “Реал Мадрид”-ро бар уҳда дорад. Мутахассиси 65-солаи итолиёвӣ қаблан аз соли 2013 то соли 2015 дар бошгоҳи шаҳри Мадрид кор карда буд.