Ғуссаи бардавом ба ҳолати равонӣ, эҳсосот ва саломатии ҷисмонии инсон зарари калон дорад. Афсурдагии эҳсосотӣ, ки дар натиҷаи ғуссахӯрии бардавом зуҳур мекунад, ба як қатор паёмадҳои манфӣ, аз қабили паст шудани эҳтироми шахсӣ, нобоварӣ ба қувваву ақлу имконияти худ, хатари зиёд гаштани ихтилоли равонӣ ва вайрон шудани фаъолияти иҷтимоӣ оварда расонида метавонад. Бояд паёмадҳои номақбули ғаму ғуссаи мудовиматнокро пешакӣ дарк карда, барои пешгирии он сари вақт ба кумаки равонӣ муроҷиат намуд.
Яке аз паёмадҳои аз ҳама шадиди ғаму ғуссахӯрии мудовиматнок хатари пайдо шудани ихтилоли равонӣ, ба мисоли депрессия – ташаннуҷ, изтироб ва ихтилоли садамаҳои равонӣ мебошад. Ҳагоме, ки ғусса муддати дароз давом мекунад, он метавонад ба ҳолати музмин гузашта, ба бемориҳои душворташхисшаванда гузашта, ба афсурдагии ҷисму асаб дучор кунад. Нафарони аз ҳад зиёд ғуссаманд ба хатари худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷонӣ худ дучор мегарданд ва ҳар лаҳзае, ки ночор мешававанд, метавонанд ба ин кор даст зананд.
Яке аз натиҷаҳои ғуссаи бардавом ин паст шудани шаъну шараф ва эҳтироми шахсии инсон шуда метавонад, ки ҳатто бо фикрҳои худ танҳо мондан, аллакай ба фикрҳои мудҳиш мебарад.
Дар ҳама адён ғаму ғуссаи барзиёд зараровар маънидод шуда, махсусан дар дини Ислом қайд шудааст, ки нафари ғуссаманд зуд ба доми васвос гирифтор шуда, ҷисмаш суст гашта, ба бемориҳои рӯҳиву равонӣ дучор меояд, ки дилро ба бемориву бемадорӣ ва карахтӣ дучор карда, аз корҳои савобу зиндагии ором бозмедорад.
Дар боби манъи ғаму ғуссаи бесабабу давомнок дар Қуръони Карим омадааст: «Сустӣ накунед ва ғусса нахӯред» (3:139); «Ғусса махӯр, зеро Аллоҳ бо мо аст» (9:40). Ин маънои онро дорад, ки ҳама мушкилотро Худованд бартараф мекунад, инсон бояд қавиирода бошад, саломатии худро нигоҳ дошта бошад, зеро шайтон аз пайи заифии инсон аст.
Инчунин, ғуссаи мудовиматнок ба мушкилоти ҷисму заиф гаштани саломатӣ, ба монанди бехобӣ, ё камхобӣ, афгориву зуд хасташавӣ ва паст шудани масъунияти бадан, камхӯрокӣ, ё ки баръакс пурхӯрӣ ва зиёд истифода бурдани дорувории сунъии бадтаъсир сабаб гашта, боиси бемориҳои ҷиддӣ мегардад.
Нафаре, ки зиёд ғуссаманд аст, фаромӯшхотир, сустирода ва камфаъол мегардад, ки ин ба фаъолиту кори ӯ дар коргоҳ таъсири манфӣ мерасонад. Барои баромадан аз ин ҳолат, бояд аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ба мутахассисони равоншинос, табибони дармонрасон муроҷиат кард.
Барои раҳоӣ ёфтан аз ғусса, бояд сабабҳои пайдоиши онро муайян кард, агар аз норасоиҳои витаминҳо ва микронутриентҳо бошад, онро пурра гардонда, ба тамрини бадан, машқҳои пагоҳирӯзӣ машғул гашта, дар ҳавои тоза сайругашт кунанд. Барои бартараф кардани сабабҳои ғусса, ба наздиконатон муроҷиат карда, аз онҳо роҳи ҳалли мушкилоте, ки ба ғам оварда расондааст, пурсон шавед, пеш аз ҳама худатон ҳама паҳлуҳову сабабҳои ғаму ғусса ва оқибати онро фикру таҳаммул карда, натиҷагирӣ намоед. Ба худ андармонии нав фикр карда бароед. Бо тифлону кӯдакон наздик шавед, ғаму ғурбати шумо бартараф хоҳад шуд. Дар ҳолати мушкил будани ҳалли ҳодисае, ки сабаби ғаму андӯҳ шудааст, ба мутахассисон муроҷиат карда, ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки поёни шаби сияҳ ҳамеша сафед аст.