sebiston july new
Ҳамсоязан маро ба шавҳараш рашк мекунад
10.08.2024
ОИЛА.ТҶ
1118

Ман бо ду фарзанд аз шавҳари якумам, ки маро пайваста зери мушту лагад мегирифт, ҷудо шуда, бори дуюм ба ҷавонмарде ба шавҳар баромадам, ки занаш фавтида буд.

Шавҳари дуюмам бо гумони он ки падарам хонаашро ба номи ман мекунад, маро ба дом афтонида будаасту ман бехабар ба ӯ ошиқ шуда, ба оиладор шудан розӣ шудам.

Мо ҳамагӣ 6 моҳ зиндагии хубу осоишта доштем, баъдан нағмаву қаҳркуниҳои шавҳарам сар шуд. Азбаски дар хонаи волидони ман зиндагӣ мекардем, шавҳарам дигар ба хона намеомадагӣ шуд. Ҳатто ба зангҳои телефониям ҷавоб намедод. Ҳамин тавр, ӯ ҷавоби маро доду ман дар назди занҳои ҳамсоя забонкӯтаҳ шудам.

Боре як ҳамсоязани калонсол ба ман гуфт, ки келинчакҳои бинои истиқоматиямон маро ба шавҳарҳои худ рашк мекардаанд. Ин гапро шунида, ғамбемор шудам, дигар аз хона намебарояму бо ягон ҳамсоя гап намезанам. Дар фикру хаёлам ба дом афтонидани ягон марди ҳамсоя нест.

Чаро занҳо ин қадар бадният ҳастанд? Магар дар бебахт шуданам ман гунаҳкорам?

Хонандаи Оila.tj

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД