Синни ман ҳанӯз ба 40 нарасидааст, аммо аллакай аз зиндагӣ дилсард гаштаам. Сабаби асосиаш бемории табобатнашаванда доштани ман аст.
Бемор будан махсусан дар синни ҷавонӣ, як суҳони зиндагӣ ва барои онҳое, ки иродаи суст доранд, охири зиндагӣ ҳам будааст. Гап дар сари он, ки ман бар асари як фалокат дар синни 38-солагӣ маъюби якумра шудам ва аз роҳгардӣ мондам. Пас аз як соли ин фоҷиа шавҳарам маро партофта, думи зани дигареро гирифту аз хона рафт ва ман бо як духтари хурдсолу писарбачаи дусола дар байни чор девори бетонӣ мондам. Гӯё зиндагӣ бароям ба охир расида буд ва то замоне, ки як нафари дилсӯзе бароям пайдо накардам, орзуи ҳаррӯзаам ин буд, ки то пештахтаи тирезаи хонаамон дар ошёнаи 4-уми бино расаму худро аз он берун андозам.
Шояд ба бахти фарзандони ман буд ва ё хости Худо, дар паҳлуи мо ба хонаи рӯ ба рӯ як марду зани ҷавоне, ки аз муҳоҷират баргашта буданду ҳанӯз фарзанд надоштанд, кӯчида омаданд. Амина, ҳамсояи нави мо ҷавонзани ниҳоят дилсӯз, доим аз ҳоли ману фарзандонам огоҳ шуда меистод. Ҳарчанд як хоҳари бешавҳари ман, ба қавле, аз ҷониби хешутаборон ба нигоҳубинам вазифадор шуда буд, аммо гуфтугузори вай, аз қабили “э, ҳамин очаатон намурд, ки халос шавем” ва ё “шумо кӯдакони батолеъ мешудед, ҳаргиз очаатон маъюб намегашт” гуфтанҳои хоҳарам, ки ба кӯдаконам расонида мегуфт, маро бештар ҷонбезор мекард. Ростӣ, намехостам хоҳарам нигаҳбониам кунад. Аммо чӣ илоҷ, маъюбу дастнигари ӯ будам...
Рӯзе назди тирезаи хона нишаста, берунро, ки барфи лак-лакӣ меборид, тамошо доштам. Ногаҳ овози ҷонхароши писачаам Фаррух баромад. Баъд аз ин, боз садои бо ҳам бархӯрдани зарфҳо ва садои таҳқиру дашноми ду зан шунида шуд. Пас аз лаҳзае овози баланди хоҳарам, ки бо зарда “ман рафтам!” мегуфт, баромаду дари доромадро сахт пӯшид. Як лаҳза пас, ҳамсояи навамон - Амина дар даст Фаррухи гирён, ба ҳуҷраи ман даромаду аз остонаи дар гуфт:
- Ҳамсоя, шумо хафа мешавед ё не, ман дигар хоҳаратонро ин ҷо роҳ намедиҳам. Ноинсоф, дасти кӯдаки дусоларо дар оби ҷӯшомада сӯзонде... Гуноҳи кӯдак ин ки ба тарафи косаи қанд даст дароз кардааст...
... Аз ҳамон рӯз инҷониб Аминаю шавҳараш гӯё хоҳару додари ҳақиқии ман шуданд ва вазнинии зиндагӣ бароям андаке осонтар гардид. Худованд баъзан чунин мекунад, ки бегона хешу худӣ бегона мешавад. Умедворам, Аминаю шавҳараш низ рӯзе лаззати падару модар буданро мечашанд ва Худо кунад, ки фарздонашон бо модари маъюб намонанд...
Зархумор ДОДАРОВА, маъюби гурӯҳи 2