Ҳой мо дар ғарибӣ, очаи мо аз мо ҷудо,
Ҳой мо дар роҳи дур очаи мо обу адо,
Ҳой дар шаҳри ғариб мо хунҷигар афтодем,
Ҳой дур аз пеши фарзанди падар афтодем.
Ҳой дур аз падару модар, зи фарзандон ҷудо,
Ҳой тақдира бубин, ки дар ба дар афтодем.
Садои ширин, вале дардолудаи сарояндаи ношиносе, ки ин таронаро месуруд, маро афсун намуд. Суруд чунон пуралам буд, ки ашк дар чашмонам ҳалқа зад ва аз фурӯшанда номи ҳофизро пурсида, хоҳиш намудам, ки фиттаро ба ман диҳад.
-Ҷамшеди Муъминободӣ ном дорад. Бисёр ҳофизи зӯрай,- таъриф намуд ҷавон.
Фиттаро аз дасти фиттафурӯш гирифта ба сумкаам андохтам ва қарор додам, ки ҳатман сарояндаи ин таронаро меёбам.
Хушбахтона кофта-кофта Ҷамшеди Муъминободиро ёфтам.
-Ҷамшедҷон, ростӣ суруди “Ғарибӣ”-ро шунида аввал гумон кардам, ки Наимҷони Сайдалӣ месарояд,вале баъдан моли каси дигар буданашро дарк намудам. Муҳобо намешавад, агар бигӯям, ки ин таронаро бисёр олӣ сурудаед!
-Аз илтифотатон шодам. Дар мавриди Наимҷони Сайдалӣ ва мавзӯи ғарибӣ ҳаминро мегӯям, ки ман ба ин мавзӯ хеле барвақт рӯ оварда будам. Вақте ки ман таронаҳои ғарибӣ месурудам, Наимҷон бачаи мактабхон ва ё аз он ҳам хурдтар буд. Аввалин таронаҳоро дар мавзӯи ғарибӣ ман ва шодравон Маҳмадалӣ Умар суруда будем, дигарон хеле баъдтар ба ин мавзӯ рӯ оварданд.
Аз ҳамон айём мардум маро бо сурудҳои ғарибӣ мешинохтанд ва то кунун баъзе мухлисони дар мардикорӣ будаам аз Маскаву Тюмену Санкт-Петербург ба ман занг зада, хоҳиш мекарданд, ки дарди дилашонро бисароям.
-Маълум мешавад, ки шумо аз солҳои навадум ҳофизӣ мекардаед. Чаро ин қадар сол ҳунаратонро реклом накардед?