Ҳаҷвнигори маъруф Ҷамшеди Ҳалим дар мавриди фаъолияти сиёсиаш иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ду давра ҳамчун депутат ва намояндаи мардум фаъолият карда, давоми 10 соли вакилӣ як деҳаро пурра ташкил намуда, барои сокинон бунгоҳи тиббӣ, мактаб ва дигар инфрасохтори заруриро сохта, онҳоро бо оби ошомиданӣ ва барқ таъмин намудааст.
Ба баёни ҳаҷвнигор, мавсуф 2 маротиба аз ҳавзаи интихобтии ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб намояндаи мардум ё депутат буд.
Ҳунарманд зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, замоне ба корзори сиёсӣ ворид шуд, ки миёни мардум чун ҳаҷвнигор маъруф буд ва фаъолияти сиёсӣ надошт.
Баъди интихоб тибқи барномаи пешазинтихоботӣ деҳаи наверо бунёд карданд. Ҳамон замон ба деҳа номи “Ориёно”-ро пешниҳод карданд, вале он аз ҷониби комиссия қабул нашуд.
Сипас, мардуми деҳа бо шӯхӣ хостанд номи деҳа “Ҷамшедсанг” шавад, вале дертар ин шӯхӣ ҷиддӣ пазируфта шуд.
“Гуфтанд, ки ҳоло Ҷамшед зинда аст, биёед номи дигар мемонем. Агар ,ки фавтид, баъд ин номро пешниҳод карда, мегузорем”, - гуфт ҳаҷвнигор бо ханда.
Ӯ гуфт, айни ҳол истилоҳи Суғдиёнро ба Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод кардаанд ва агар комиссия онро қабул кунад, минбаъд номи деҳа Суғдиён хоҳад буд.
Бояд гуфт, ки худи Ҷамшеди Ҳалим зодаи деҳаи Ҳаррангон (Харангон)-и ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Варзоб аст.