Як дӯстам ҳамсарашро “се талоқ” карда, баъдан пушаймон шудааст. Акнун мехоҳад, ки ҳамсарашро ман ҳалола кунаму ӯ дубора ба занӣ бигирад. Оё ин кор аз назари дини Ислом равост? Зеро дӯсти дигарамон мегӯяд, ки марде ки ба ҳалола розӣ мешавад, ба лаънати Худованд гирифтор хоҳад шуд.
Садриддин, ш. Душанбе.
Баъди «се талоқ» зан бар шавҳар ҳаром гашта, дигар руҷуъ (бозгашт) имкон надорад. Агар мард занро ноҳақ (бе ягон сабаби ҷиддӣ, масалан беҷогардӣ) талоқ дода бошад, зулм аст, чунки дигар камбудиҳоро, ғайр аз беҷогардии зан, ислоҳ кардан осон мебошад.
Бисёриҳо баъди ҷудошавӣ аз карда пушаймон гашта, фатво мекобанд, то дубора ҳамсари собиқашонро ба никоҳи худ дароранд. Иддае ба ин тоифаи мардон «маслиҳат» медиҳанд, ки ба хотири дубора гирифтани зани собиқаш бояд ягон нафар ҳамсари ўро тавассути никоҳи муваққатӣ «ҳалола» кунад, яъне шахсе чанд муддат бо он зан никоҳ карда, зиндагӣ намояд, баъд ӯро талоқ диҳад, то шавҳари аввалааш дубора бигирад.
Дар ҳадиси набавӣ ба марде, ки ба чунин амал розигӣ медиҳад ва он марде, ки зани он шахсро «ҳалола» мекунад, лаънат омадааст. Мақсад аз никоҳ бояд зиндагии доимӣ бошад, на муваққатӣ.
Дар сурати муваққатӣ будани никоҳ оила муқаддасии худро гум мекунад, бинобар ин дар зиндагӣ ҷиддӣ рафтор карда, одоби оиладориро бояд риоя намуд, то кор ба ҷудоӣ накашад.