goodwell
Амрико боз ба Эрон ҳамла кард
112

Амрико аҳди худро шикаста, субҳи имрӯз, 8-уми июл боз ба Эрон ҳамла кардааст.

CENTCOM - фармондеҳии марказии артиши Амрико хабар додааст, ки нерӯҳояш зиёда аз 80 ҳадафро дар Эрон мавриди ҳамла қарор додаанд. Ҳамлаҳо асосан ба ҷазираҳои Кишм ва Хорки Эрон сурат гирифта, дар пайи он низоми дифои ҳавоӣ, шабакаҳои фармондеҳӣ ва назорат, сомонаҳои соҳилии радар, таҷҳизоти вобаста ба мушакҳои зиддикиштии Эрон ва беш аз 60 қаиқи хурди Сипоси посдорон дар дохил ё наздикии тангаи Ҳурмуз мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд. Расонаҳои Эрон низ ҳамла ва таркишҳоро тасдиқ намудаанд. Бино ба иттилои хабаргузории “Форс”, дар пайи ҳамлаи Амрико як кас ҷон бохта, ду тан захмӣ шудаанд.

Сабаби ҳамла, ба қавли ҷониби Амрико, ҳамлаҳои ахир ба киштиҳои тиҷоратие мебошад, ки аз гулӯгоҳи Ҳурмуз мегузаранд.

Эрон ҳамлаҳои Амрикоро бе ҷавоб нагузошта, ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Баҳрайн ва Кувайт зарба задааст. Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ тавассути амалиёти муштараки мушакию паҳподӣ 85 таъсисоти муҳими низомии Амрикоро дар бандари Салмон, минтақаи панҷуми баҳрии Баҳрайн ва пойгоҳи ҳавоии Алӣ Солими Кувайт нобуд ва як паҳподи MQ-9-и душманро, ки мехост ба амалиёт дахолат кунад, сарнагун кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД